Такмили ихтисос: Дар Хоруғ омӯзгорон усулҳои муосири таълимро меомӯзанд
ХОРУҒ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Филиали Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо барномаи «Шукуфаҳои Тоҷикистон»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷонишинони директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои методии вилоят ба муддати як ҳафта давраи бозомӯзӣ ба роҳ монд.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, дар ин давраи бозомӯзӣ омӯзгорон оид ба усулҳои муосири таълим, бештар истифода бурдан аз асбоби ашёи таълимӣ, таҳлилу баррасии дарсҳо бо мисолҳои мушаххас ва роҳҳои рушди тафаккури интиқодии хонандагон маълумоти мукаммал пайдо намуданд.
Раҳбари бахши идоракунии соҳаи маорифи Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилоят Эраҷ Ҷонмирзоев гуфт, ки “яке аз ҳадафҳои асосии ислоҳот дар соҳаи маорифи мамлакат, қабл аз ҳама, баланд бардоштани сифати таълиму таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аст. Барои дар амал татбиқ кардани ин ҳадаф зарур аст, ки бо роҳҳои мухталиф дониш ва маҳорату салоҳиятнокии касбии худи омӯзгорон такмил дода шавад. Яке аз чунин роҳҳои муассир- ин баргузор кардани конфронсу семинарҳо, омӯзиши таҷрибаи пешқадами педагогӣ, ширкат дар кори иттиҳодияҳои методӣ ва курсҳои бозомузӣ мебошад. Пешвои миллат низ дар яке аз суханрониҳои худ таъкид доштанд, ки «агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем». Аз ин рӯ мутахассисони донишкадаи мазкур бояд ба омӯзгорон баҳри такмили маҳорату истеъдодашон шароити мусоид фароҳам оваранд”.
Раҳбари бахши идоракунии соҳаи маорифи Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи вилоят изҳор дошт, ки “яке аз шаклҳои фаъоли такмили маҳорати касбии омӯзгорон- ин таҳким ва такмили усули роҳбаладӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аст. Роҳбалад кист? Агар онро бо як ҷумла хулоса кунем, роҳбалад- ин омӯзгори босалоҳиятест, ки ба дигар омӯзгорон дар самти рушди маҳорату истеъдод кумак мерасонад ва ё онҳоро дар ин ҷода роҳнамоӣ мекунад”.
Ҳамаи ширкаткунандагони семинар дар баробари касби омӯзгорӣ, ҳамчунин вазифаи роҳбарии иттиҳодияҳои методиро бар дӯш доранд ва дар тарбияи омӯзгорони ҷавон низ саҳм мегузоранд.
Яке ширкаткунандагони ин давраи омӯзишӣ- омӯзгори муассисаи таълимии №15 ноҳияи Ванҷ Шоҳқосим Шоев гуфт, ки “чунин семинарҳо барои аз худ намудани усулҳои нави таълим такони ҷиддӣ мебахшанд. Бедор кардани шавқу ҳаваси хонандагон нисбат ба фанҳои таълимӣ усулест, ки хонанда самти фаъолияташро мустақилона муайян мекунад, суолҳоеро, ки аз мавзӯи нав ба назараш ҷолиб менамоянд, худаш тартиб медиҳад ва ҷавобҳоро низ худаш пайдо мекунад. Яке аз вазифаҳои аслии омӯзгор ба зиндагии мустақилона омода намудани шогирдон аст”.
Он чиро ки омӯзгорон тайи ҳафтаи охир дар семинар ёд гирифтанд, баъди бозгашт ба муассисаҳои таълимӣ ба ҳамкасбони худ меомӯзонанд.








Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид






