Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии шиносномаҳои «Henley & Partners» ду зина боло баромад

Январь 6, 2021 13:13

ДУШАНБЕ, 06.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар раддабандии нави шиносномаҳои «Henley & Partners» аз рӯи шумораи боздиди бидуни раводиди кишварҳо дар ҷойи 85-ум қарор гирифт. Соли гузашта Тоҷикистон дар ин раддабандӣ мақоми 87-умро ишғол карда буд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Маълумот Нишондиҳандаи раддабандии шиносномаҳои Ҳенли 2021 (2021 Henley Passport Index)-ро ба ҳолати 5 январи соли 2021 инъикос мекунад ва дар баъзе ҳолатҳо, манъи сафарҳои марбут ба коронавирус метавонад нисбат ба маълумоти раводиди дар ин ҷо сабтшуда афзалият дошта бошад», — гуфта шудааст дар сомонаи рейтинг.

Мувофиқи раддабандӣ, ҳоло тоҷикистониён метавонанд бидуни раводид ба 58 кишвар сафар кунанд, ки ин нисбат ба шаҳрвандони Ӯзбекистони ҳамсоя як давлат бештар аст — 57. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон нишондиҳандаи беҳтар дорад. Ин кишвар дар ҷои 70-ум қарор гирифта, қазоқистониҳо метавонанд бидуни раводид ба 75 кишвар сафар намоянд. Россия (116 кишвар) дар ҷои 50-ум мебошад.

Япония (191 кишвар) ва Сингапур (190) дар садри рейтинг ҷой гирифтаанд. Баъд аз онҳо Кореяи Ҷанубӣ ва Германия (ҳар яке 189 кишвар) буда, дар ҷои чорум Испания, Италия, Люксембург ва Финляндия (ҳар яке 188 кишвар) қарор доранд. Австрия ва Дания (ҳар яке 187 кишвар) дар ҷои панҷум мебошанд.

Дар ҷойи охирини  раддабандӣ — 110, мисли соли гузашта, Афғонистон қарор гирифт, ки шаҳрвандони он метавонанд танҳо ба 26 кишвар бидуни раводид сафар намоянд.

Ёдовар мешавем, Нишондиҳандаи шиносномаҳои солонаи ширкати «Henley & Partners» қоидаҳои раводиди беш аз 200 кишвар ва қаламрави ҷаҳонро таҳлил намуда, онҳоро аз рӯи шумораи боздиди бидуни раводиди кишварҳо баҳо медиҳад.

                                                      АКС аз манобеи боз

Январь 6, 2021 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд
Дар Шуъбаи СММ дар Женева бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо чорабинӣ баргузор гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид