Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии шиносномаҳои «Henley & Partners» ду зина боло баромад

Январь 6, 2021 13:13

ДУШАНБЕ, 06.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар раддабандии нави шиносномаҳои «Henley & Partners» аз рӯи шумораи боздиди бидуни раводиди кишварҳо дар ҷойи 85-ум қарор гирифт. Соли гузашта Тоҷикистон дар ин раддабандӣ мақоми 87-умро ишғол карда буд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Маълумот Нишондиҳандаи раддабандии шиносномаҳои Ҳенли 2021 (2021 Henley Passport Index)-ро ба ҳолати 5 январи соли 2021 инъикос мекунад ва дар баъзе ҳолатҳо, манъи сафарҳои марбут ба коронавирус метавонад нисбат ба маълумоти раводиди дар ин ҷо сабтшуда афзалият дошта бошад», — гуфта шудааст дар сомонаи рейтинг.

Мувофиқи раддабандӣ, ҳоло тоҷикистониён метавонанд бидуни раводид ба 58 кишвар сафар кунанд, ки ин нисбат ба шаҳрвандони Ӯзбекистони ҳамсоя як давлат бештар аст — 57. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон нишондиҳандаи беҳтар дорад. Ин кишвар дар ҷои 70-ум қарор гирифта, қазоқистониҳо метавонанд бидуни раводид ба 75 кишвар сафар намоянд. Россия (116 кишвар) дар ҷои 50-ум мебошад.

Япония (191 кишвар) ва Сингапур (190) дар садри рейтинг ҷой гирифтаанд. Баъд аз онҳо Кореяи Ҷанубӣ ва Германия (ҳар яке 189 кишвар) буда, дар ҷои чорум Испания, Италия, Люксембург ва Финляндия (ҳар яке 188 кишвар) қарор доранд. Австрия ва Дания (ҳар яке 187 кишвар) дар ҷои панҷум мебошанд.

Дар ҷойи охирини  раддабандӣ — 110, мисли соли гузашта, Афғонистон қарор гирифт, ки шаҳрвандони он метавонанд танҳо ба 26 кишвар бидуни раводид сафар намоянд.

Ёдовар мешавем, Нишондиҳандаи шиносномаҳои солонаи ширкати «Henley & Partners» қоидаҳои раводиди беш аз 200 кишвар ва қаламрави ҷаҳонро таҳлил намуда, онҳоро аз рӯи шумораи боздиди бидуни раводиди кишварҳо баҳо медиҳад.

                                                      АКС аз манобеи боз

Январь 6, 2021 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд
Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид