ТОҶИКИСТОНИЁНРО ДАР СОЛИ 2021 ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? Хабарнигорони АМИТ «Ховар» нақл мекунанд

Январь 4, 2021 13:59

ДУШАНБЕ, 04.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли ду ҳазору бисту як мутобиқи тақвими григорианӣ соли маъмулӣ (ғайри кабиса) ва дар тақвими шарқӣ — Соли бақар аст. Ин соли 2021-уми давраи мо, соли 21-уми ҳазорсолаи сеюм, соли 21-уми асри XXI, соли аввали даҳаи 3-юми асри XXI мебошад.

Бо қарори СММ, соли 2021 Соли байналмилалии иқтисоди эҷодӣ барои рушди устувор, соли меваҷоту  сабзавот ва соли сулҳу эътимод эълон шудааст. Дар ИДМ соли 2021 Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ эълон шудааст.

Хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар ин нигошта навгониҳои муҳимро ҷамъ оварданд, ки дар соли оянда ба тоҷикон дахл хоҳанд дошт.

Дар соҳаи сиёсат

27 январ дар Душанбе нахустин ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли нав баргузор мешавад ва дар он натиҷаҳои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2020 ҷамъбаст ва вазифаҳои асосии соли 2021 муайян хоҳанд шуд.

***

28 январ Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки Паёми пешини Президенти Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 ирсол гардида буд. Ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он вақт дар «Кохи Сомон» -и пойтахти ҷумҳурӣ баргузор гардид ва беш аз ду соат идома ёфт. Ҷиҳати ширкат дар он ба ғайр аз вакилони мамлакат, роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон даъват шуда буданд.

***

Моҳи сентябр Тоҷикистон 30-юмин солгарди истиқлоли худро ҷашн мегирад

 ***

16 — 17 сентябр дар Душанбе баргузории 20-умин иҷлосияи ҷашнии сатҳи олии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба нақша гирифта шудааст. Ёдовар мешавем, ки соли 2021 раёсати СҲШ аз Россия ба Тоҷикистон интиқол ёфт.

Созмони Ҳамкории Шанхай соли 2001 таъсис ёфтааст. Ин як иттиҳодияи байналмилалии минтақавӣ мебошад, ки ба он Россия, Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон шомил мебошанд. Беларус, Муғулистон, Эрон, Афғонистон дар ин созмон мақоми нозирро доранд.

Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мақоми шарикони муколамаи СҲШ-ро доранд.

***

Соли 2021 Тоҷикистон инчунин дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) раёсат мекунад. Бинобар ин, соли оянда дар Душанбе иҷлосияи сарони кишварҳои узви СПАД ва ҷаласаи Шӯрои маҷлиси умумии парлумонии СПАД баргузор мешавад.

Дар Душанбе

Душанбе дар соли 2021 пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) эълон шудааст. Мутобиқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар пойтахт: фурудгоҳи байналмилалӣ, истгоҳи роҳи оҳан, автовокзал, 37 меҳмонхона ва 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 маркази фароғатӣ, 25 бозор, 91 маркази савдо, 26 дӯкони фурӯши туҳфаҳо, 17 боғи фарҳангӣ ва фароғатӣ, 1 боғи ҳайвонот, 14 гулгашт, 5 махзани об барои истироҳат, 204 ороишгоҳ ва 201 сартарошхона, 4 қасри фарҳанг ва 7 театри касбӣ, 10 осорхона, 16 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгории таърихӣ, мӯҳташам ва меъморӣ, 109 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳо дар 37 гӯшаи пойтахт, 1 Қасри теннис ва маҷмааи варзишӣ, маҷмааи варзишӣ — обӣ, кохҳои «Наврӯз», «Борбад», «Ваҳдат», «Суруш», 306 муассисаи тиббӣ, ки ҳар рӯз ба садҳо меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ мувофиқи ниёзҳои онҳо хизмат мерасонанд, фаъолият мекунанд.

Инчунин дар солҳои 2020-2021 Душанбе пойтахти сайёҳӣ эълон шудааст — ин унвонро Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ба он додааст. Агентии русии «Турстат» пойтахти Тоҷикистонро ба даҳгонаи амнтарин шаҳрҳои ИДМ шомил кардааст.

То моҳи сентябри соли 2021 дар Душанбе зиёда аз 23 000 ҷойҳои нави корӣ таъсис хоҳанд ёфт. Раиси шаҳр зикр карданд, ки кори зарбдор дар иншооти асосии ҷашнӣ — боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории «Истиқлолият ва Озодӣ», ки рамзи истиқлол ва озодӣ мебошанд, бо суръат идома дорад.

Дар иқтисодиёт

Мутобиқи пешбинии Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ барои солҳои 2021-2023, дар се соли оянда, сарфи назар аз пандемияи коронавирус рушди мамлакат дар сатҳи на камтар аз 7,6% пешбинӣ шудааст.

Дар соли 2021 интизор меравад, ки ММД Тоҷикистон ба 92,684 миллиард сомонӣ (беш аз 9,104 миллиард доллар) мерасад ва афзоиши воқеӣ  — 7,6% пешбинӣ шудааст. Дар соли 2022 ҳаҷми ММД 102,97 миллиард сомонӣ (10,1 миллиард доллар) ва афзоиши воқеии он — 7,8% пешбинӣ мешавад. Дар соли 2023 ҳаҷми ММД 115,84 миллиард сомонӣ (тақрибан 11,36 миллиард доллар) ва афзоиши воқеӣ — 8% пешбинӣ мешавад.

Тибқи пешгӯиҳо, таваррум дар соли 2021 6,9% -ро ташкил хоҳад дод,  соли 2022 суръати он то 6,8% коҳиш хоҳад ёфт, соли 2023 он то 7,1% зиёд хоҳад шуд.

Ин пешгӯиҳои макроиқтисодӣ бо дарназардошти вазъи иқтисодии ҷаҳон ва кишварҳои ИДМ, хусусан вазъи иқтисод дар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон — Россия, Чин, Қазоқистон ва Ӯзбекистон тартиб дода шудаанд. Дар пешгӯӣ оқибатҳои эҳтимолии иҷтимоӣ ва иқтисодии густариши COVID-19, тағйирёбии нархҳо дар бозорҳои амволи ҷаҳонӣ, зарари иқтисодии дар нимаи аввали ҳамин сол дар натиҷаи пандемияи коронавирус дар ҳаҷми 2 миллиард сомонӣ (беш аз 196 миллион доллар) ба Тоҷикистон расонидашуда ба назар гирифта шудаанд.

***

Соли 2021 дар Париж Форуми бузурги сармоягузории Тоҷикистон ва Франсия ба нақша гирифта шудааст. Илова бар ин, ҳайати сармоягузорони фаронсавӣ барои омӯзиши имконоти сармоягузории ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон меоянд.

Дар соҳаи молия

Тибқи Қонун «Дар бораи буҷети давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023», ки моҳи ноябри соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро тасвиб намуда буд, бо дарназардошти рушди соҳаҳои иқтисодии кишвар даромади ҷории буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 20,5 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Афзоиши ин нишондиҳанда нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2020 беш аз 1 миллиард сомонӣ ё 5,1% ба нақша гирифта шудааст.

Хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба буҷети  тасдиқшудаи соли 2020 1,7 миллиард сомонӣ зиёд аст.

Самти афзалиятнок дар сиёсати буҷети давлатӣ таъмини уҳдадориҳои давлат оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ мебошад. Ҳукумати мамлакат  афзалияти маблағгузории соҳаи иҷтимоии кишварро ҳифз мекунад ва дар буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 барои ин соҳаҳо 13,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин 47% хароҷоти буҷет ва ё 14,2% ММД-ро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, барои маблағгузории соҳаи маориф беш аз 5,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши то 592 миллион сомонӣ, соҳаи тандурустӣ то 2,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши то 509 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ то  4,2 миллиард сомонӣ бо афзоиши 262,7 миллион сомонӣ, соҳаи фарҳанг ва варзиш 1 миллиард сомонӣ бо афзоиши то 69,8 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

***

Дар соли 2021 Тоҷикистон ҷалби беш аз 336 миллион доллар қарзҳои хориҷиро ба нақша гирифтааст.

Дар соҳаи нақлиёт

Аз 1 январ вуруди нақлиёти ҷамъиятӣ аз минтақаҳо ба пойтахт манъ хоҳад шуд. Маҳдудият ба мошинҳое дахл дорад, ки ба ҳамлу нақли мусофирон аз водии Рашт, вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод, Роғун ва Ваҳдат машғул мебошанд. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 14 декабри соли 2020 қарори марбут ба танзими вуруд ва хуруҷи мусофиронро ба пойтахт аз минтақаҳо имзо намуданд. Дар дафтари матбуоти Мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гуфтанд, ки ин қарор ба танзими ҳамлу нақли ҷамъиятии мусофирон ва коҳиши пурбории роҳҳои пойтахт нигаронида шудааст.

Аз 1 январ мусофироне, ки аз минтақаҳои водии Рашт, вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод, Роғун ва Ваҳдат ба Душанбе меоянд, бояд дар дарвозаи Шарқии шаҳр аз самти шаҳри Ваҳдат дар терминали мусофирбарии “Шарқ-Транс” ба мошинҳои дигар савор шаванд.

Мусофироне, ки аз ноҳияи Рӯдакӣ ва ноҳияҳои вилояти Хатлон аз тариқи дарвозаи ҷанубии шаҳр ба Душанбе меоянд, бояд дар терминали ҶСК «Тоҷиквнештранс», ки дар хуруҷгоҳ ба самти ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ аст, ба мошинҳои дигар савор шаванд, шарҳ доданд дар шаҳрдорӣ.

Воқеан, ба гуфтаи Вазири собиқи нақлиёти Тоҷикистон Олимҷон Бобоев, ин таҷриба дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон вуҷуд дорад: мусофирон дар даромадгоҳҳои пойтахт ба нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ савор мешаванд.

Дар соҳаи андоз

Аз 1 январи соли 2021 дар Тоҷикистон нишондиҳандаи ададии муҳосибаи ҷаримаҳо тағйир меёбад. Ҳамин тариқ, андозаи нишондиҳандаи муҳосибавӣ барои ҳисоб намудани андозҳо, пардохтҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ҷаримаҳо, пардохтҳои иҷтимоӣ ба маблағи 60 сомонӣ муайян шудааст ва ин дар ҳолест, ки соли 2020 он ба 58 сомонӣ баробар буд.

Ҳаҷми нишондиҳандаи муҳосибавӣ дар соли 2021 тибқи Қонуни қабулшуда «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021» аз 20 ноябри соли 2020 таҳти рақами 1724 муқаррар карда шудааст. Ҳамин тариқ, аз 1 январи соли 2021 ҷаримаҳо, пардохти андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ва дигар пардохтҳо мутобиқи нишондиҳандаи ададӣ дар ҳаҷми 60 сомонӣ татбиқ хоҳанд шуд.

Дар соҳаи демография

Дар соли 2021 шумораи аҳолии Тоҷикистон то 216.159 нафар афзоиш меёбад ва дар охири сол ба 9.857.502 нафар хоҳад расид. Дар ин бора дар Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ барои солҳои 2021-2023, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар охири моҳи июли соли гузашта онро тасдиқ кардааст, қайд шудааст.

Зикр шудааст, ки дар аввали соли 2020 дар ҷумҳурӣ беш аз 9 миллиону 452 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекард. То ибтидои соли равон аҳолии доимӣ ба 9 миллиону 688 ҳазор нафар хоҳад расид.

То соли 2022 дар ҷумҳурӣ аллакай 9 миллиону 931 ҳазор нафар ва то соли 2023 10 миллиону 129 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ хоҳанд кард.

Афзоиши аҳолӣ соли гузашта нисбат ба соли 2018 2,2% -ро ташкил дод.

Шумораи нисбатан зиёди шаҳрвандони мамлакат дар вилояти Хатлон — 3 328 000 нафар зиндагӣ мекунанд.

Аҳолии вилояти Суғд то 1 октябри соли равон ба 2 миллиону 690 ҳазор нафар, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 2 миллиону 156 ҳазор, Душанбе — 855 ҳазор ва ВМКБ — 228 ҳазор нафар расид.

Зикр мекунем, ки моҳи октябри соли гузашта дар кишвар маъракаи навбатии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида шуд ва  қабл аз ин барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон соли 2010 сурат гирифта  буд.

То оғози тирамоҳи соли 2010 дар кишвар 7 миллиону 565 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд, ки ин нисбат ба соли 2000 1 миллиону 438 ҳазор нафар зиёдтар аст.

Дар соҳаи маориф ва илм

Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо олимони тоҷик пешниҳод карданд, ки шумораи гирандагони стипендияи президентӣ дар мактабҳо ва муассисаҳои касбӣ аз 1 январи соли 2021 аз 400 ба 3000 нафар расонида шавад ва маблағи стипендия дар ҳаҷми 500 сомонӣ (тақрибан 50 доллар) муқаррар карда шавад, хабар медиҳад Агентии телеграфии Тоҷикистон (ТоҷикТА). Вай инчунин пешниҳод кард, ки шумораи гирандагони стипендияи президентӣ дар муассисоти таҳсилоти олӣ аз 100 то 300 нафар ва барои аспирантҳо бошад — аз 15 то 50 нафар зиёд карда шавад.

Ба муносибати ҷашни истиқлоли Тоҷикистон дар пойтахт 13 мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумӣ барои тақрибан 14 ҳазор хонанда ба истифода дода хоҳад шуд. Соли оянда низ дар шаҳр 7 муассисаи томактабӣ барои қабули 2 ҳазор кӯдак ба истифода дода мешаванд.

Соли равон татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф барои солҳои 2021-2030, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвиб намудааст, оғоз мешавад.

Дар соли 2021 дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) ташкили озмоишгоҳи вирусологӣ ва эпидемиологӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ қаблан ба Агентии «Ховар» иттилоъ дода буд. Ба гуфтаи номбурда, АМИТ бо Фарҳангистони улуми Чин ва Академияи миллии илмҳои Беларус дар бораи омода кардани мутахассисон дар соҳаи вирусология ва эпидемиология шартнома бастааст. Мутахассисон барои лабораторияи вирусологӣ ва эпидемиологӣ дар Минск ва Пекин дар заминаи институтҳои сатҳи ҷаҳонӣ омода хоҳанд шуд.

Дар соҳаи ҳифзи табиат

Дар Тоҷикистон бургут — парандаи соли 2021 эълом шудааст. Чорабиниҳои экологӣ — тавзеҳотӣ ва иқдомоти ҳифзи табиат, ки тамоми сол баргузор хоҳанд шуд, ба ин паранда бахшида мешаванд. Ин қарорро экологҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо олимони Академияи милии илмҳои мамлакат пас аз он ки ин паранда дар озмун аксарияти овозҳоро соҳиб шуд, қабул карданд.

Ба марҳилаи ниҳоии овоздиҳӣ се паранда — бургут, дурроҷи сиёҳ ва қумрӣ роҳ ёфтанд. Ва аксарияти овозҳоро уқоби ваҳшии Осиёи Марказӣ — бургут соҳиб шуд.

Аллакай нақшаи чорабиниҳо дар доираи Соли бургут дар ҷумҳурӣ таҳия шудааст.

Бургут намудҳои гуногуни сайдро, бештар вақт харгӯшҳо, хояндаҳо ва намудҳои зиёди парандаҳоро шикор мекунад. Баъзан  ба гӯсфандон, гӯсолаҳо ва бузғолаҳои оҳуҳо низ ҳамла мекунад.

Дар тӯли садаи охир, бургут аз бисёр минтақаҳое, ки қаблан зиндагӣ мекард, нопадид шуд. Сабабгори ин қиркунии оммавии онҳо шаҳрсозӣ ва истифодаи замин барои эҳтиёҷоти иқтисодӣ мебошад.

Имрӯз бургут парандаи нодир ба ҳисоб меравад ва ба Китоби сурхи Тоҷикистон шомил карда шудааст.

Дар соҳаи варзиш

ХХХ Бозиҳои тобистонаи ҷашнӣ мебоист дар Токио баргузор мешуданд, аммо билохира, аз баргузории ин мусобиқаи асосии варзишӣ даст кашидан лозим омад. Бозиҳо то соли 2021 мавқуф гузошта шуданд, ки бешубҳа, ҳаёти садҳо нафар наҷот ёфт, аммо ба ташкилкунандагони он 1,9 миллиард доллар зарар овард. Соли 2021 Бозиҳои олимпӣ дар Токио аз 23 июл то 7 август баргузор хоҳанд шуд.

Тобистони соли 2020 мухлисон дар мавриди баргузории ин мусобиқа ба шубҳа афтоданд — таҳдиди бемории таҳқиқнашуда хеле қавӣ буд. Аммо, губернатори Токио гуфта буд, ки Бозиҳои ХХХ тобистона дар вақти муайяншуда баргузор мешаванд.

Соли 2021 бо дастури Президенти мамлакат, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фонди олимпӣ таъсис хоҳад ёфт. Инчунин дар Душанбе толори пӯшидаи варзишӣ ва дар ноҳияи Вахш пойгоҳи заврақронӣ сохта шуда, барои федератсияҳои варзишӣ грантҳо ҷудо хоҳанд шуд.

Дар ин бора дар ҷаласаи 19-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки охири моҳи декабри соли гузашта дар Душанбе баргузор шуд, зикр шуда буд.

Дар вақти боқимонда варзишгарони тоҷик бояд барои ба даст овардани роҳхатҳо корҳои зиёде ба анҷом расонанд. То давраи оғози пандемия дастаи мунтахаби Тоҷикистон соҳиби ду роҳхат шуда буд. Онҳоро муштзанҳо Шаббос Негматуллоев ва Баҳодур Усмонов ба даст оварда буданд. Акнун навбати варзишгарон дигар расидааст. Умедворем, ки Дилшод Назаров, инчунин дигар варзишгарон — Кристина Пронженко, Гулсумбӣ Шарифова, Григорий Дерепаскин ва Одилшоҳ Исматов барои роҳхатҳо дар варзиши сабук мубориза хоҳанд бурд.

Инчунин дар гӯштини варзишӣ Тоҷикистон метавонад як ё ду роҳхат ба даст биорад. То ба имрӯз, дастоварди баландтаринро дар гӯштини озод дар бозиҳо легионери доғистонӣ Юсуф Абдусаломов — 12 сол қабл дар Пекин нишон дода буд. Дар вазни 84 кило ӯ барандаи медали нуқра шуда буд. Искандари Рустам, Фарҳод Анақулов, Абулқосим Файзиев, Ҷамшед Шарифов, Ҳамид Ҷалилов, Сорбон Абдулҳаев, Баҳодур Қодиров, Бахтовар Ҳасанов ва дигарон барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза хоҳанд бурд.

Навъи дигар, ки дар он Тоҷикистон эҳтимолан метавонад соҳиби роҳхат ба Олимпиада шавад — дзюдо мебошад. Муваффақияти баландтарин дар Бозиҳо дар намуди дзюдо ба Расул Бокиев тааллуқ дорад, ки дар Пекин дар вазни 73 кг барандаи медали биринҷӣ шуда буд. Интизор меравад, ки имкони аз ҳама бештарро барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳо аз Тоҷикистон Комроншоҳи Устопириён дорад. Инчунин варзишгарон Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Сӯҳроб Боқиев, Саидҷалол Саидов тибқи рейтинги IJF аз рӯи тақсимоти қитъавӣ озими Токио хоҳанд шуд.

Қаиқронони тоҷик низ умеди сафар ба Токио доранд. Намояндаи дурахшони Тоҷикистон дар ин намуди варзиш имрӯз Шаҳриёр Даминов мебошад. Зоирҷон Набиев, Умар Рустамов, Абдусаттор Ғафуров, Давронхӯҷа Аҳмадов низ метавонанд барои роҳхат мубориза баранд.

Боксчиёни Тоҷикистон ҳанӯз ҳам имкон доранд агар дар мусобиқаҳо нағз ҳунарнамоӣ кунанд, як роҳхати дигар ба даст оранд. Аз рӯи баъзе намудҳои дигари варзиш Тоҷикистон метавонад бо даъвати махсус низ ба Олимпиада роҳ ёбад.

Ҷашнҳо ва истироҳат

Дар тақвими соли 2021, мисли солҳои қаблӣ 12 рӯз ҷашнии истироҳатӣ эълом шудаанд.

Ба ҷумлаи онҳо Соли нави маъмулӣ, Рӯзи Модар, Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва Рӯзи Конститутсия шомил мебошанд.

Ҷашни Наврӯзро, ки акнун байналмилалӣ шудааст ва ҳоло расман се рӯз таҷлил мешавад, тоҷикон дар солҳои гуногун давоми як ҳафта ҷашн мегирифтанд. Оё чунин илова ба рӯзҳои истироҳатӣ дар соли 2021 таъсир хоҳад дошт ё не, то ҳол маълум нест.

Дар баробари ин дар соли 2021 ду иди динӣ низ рӯзҳои истироҳатӣ хоҳанд буд. Инҳо Иди Рамазон, ки 11 май ва Иди Қурбон, ки 19 июл ба нақша гирифта шудаанд, мебошанд.

Бояд зикр кард, ки санаҳои дақиқи ин идҳоро ҳар сол Шӯрои уламои Тоҷикистон муҳосиба мекунад ва метавонанд аз тақвими анъанавии мусалмонон то як шабонарӯз фарқ дошта бошанд.

Умуман, Тоҷикистон 22 иди миллӣ ва зиёда аз 20 иди касбиро таҷлил мекунад.

АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»

__________________________________

* Соли маъмулӣ (ғайри кабиса) —  ин соли тақвимӣ мебошад, ки дар муқоиса бо соли кабиса ва ё моҳ дар тақвимӣ шамсӣ — қамарӣ дар тафовут бо соли кабиса як рӯзи иловагӣ надорад. Ба ибораи дигар, соли кабиса — соли бидуни интеркалятсия аст.

Январь 4, 2021 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон бо медали ҷашнии «300-солагии Махдумқулӣ Фироқӣ» сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Саҳми забони тоҷикӣ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ муҳим мебошад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон соли 2028 мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид мегардад
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Инро метавон «Ташаббуси наҷотбахши башар» номид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ ҳушдор доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон пуштибонии доимиро аз татбиқи Рӯзномаи 2030 барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор идома медиҳад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад»
Президенти Тоҷикистон: «Тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад»
РӮДАКӢ-СОҲИБҚИРОНИ ШОИРӢ. Васфи шеъри Рӯдакӣ аз асрҳои миёна то ба асри нав
БУНЁДГУЗОРИ ЗАБОНИ НОБИ ТОҶИКӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
Президенти Тоҷикистон аз тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он изҳори нигаронӣ намуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ШИНОСНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКОН. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истиқлолият