Вакили Маҷлиси намояндагон Лутфия Абдухолиқзода ба сокинони Данғара оид ба самтҳои афзалиятноки тараққиёти Тоҷикистон маълумот манзур намуд

Январь 5, 2021 13:34

ДУШАНБЕ, 05.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо бо дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат Тоҷикистон марҳила ба марҳила тараққӣ карда, сатҳи зиндагии мардум беҳтар мешавад. Соли 2020 баъди сар задани бемории сироятии коронавируси COVID-19, ки ҷомеаи ҷаҳонро фаро  гирифт, як қатор мушкилот ба  вуҷуд омаданд. Аммо тадбирҳои сари вақт андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала имкон доданд, ки шиддати сирояти ин беморӣ пешгирӣ шуда, гирифторони ин вирус ба таври фаврӣ табобат карда шаванд. 

Ин матлабро вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода дар вохӯрӣ бо фаъолону сокинони ноҳияи Данғара, ки дар Донишгоҳи давлатии Данғара доир шуд, изҳор дошт.

Мавсуф ҳамзамон оид ба дастовардҳои корӣ, мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул намудааст, чораҳои беҳдошти вазъияти баамаломада оид ба пешгирӣ намудани мушкилоти барқ ва  истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, пардохти саривақтии маблағҳои истифодаи барқ, истифодаи лампаҳои каммасраф барои захираи неруи барқ, истифодаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ бо гирифтани 2-3 ҳосил барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди неруи зеҳнию ақлонии наврасону ҷавонон суҳбат намуда, роҷеъ ба вазъи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, рушди устувори соҳибкорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки тараққиёти мамлакат маълумот манзур намуд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Нуралӣ Шоҳиён  изҳор дошт, ки “мо бояд дарк намоем, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои мардуми мо, махсусан сокинони деҳот имконияти хуби беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагиро ба бор овард. Мо имрӯз бояд ба қадри ин ғамхориҳои Пешвои миллат расида, ба кору пайкорамон муносибати ҷиддӣ намоем. Имрӯзҳо дар Донишгоҳи давлатии Данғара татбиқи технологияҳои навини зеҳнию инноватсионнӣ ва ҳунармандӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара тасмим гирифтааст, ки соли 2021 татбиқи пурраи ҳукумати электронӣ ва робита бо фазои иттилоотиро ба роҳ монда, ба ҳайати омӯзгорону кормандон планшет туҳфа намояд.  Мо бояд баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ҷидду ҷаҳд намоем ва бо пайравӣ аз Пешвои муаззами миллат ҷавононро дар рӯҳияи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ва меҳнатдӯстию худшиносии миллӣ тарбия намоем”.

Хотиррасон мешавем, ки мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 9 январи имсол мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон сурат мегирад.

Январь 5, 2021 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид