Вакили Маҷлиси намояндагон Лутфия Абдухолиқзода ба сокинони Данғара оид ба самтҳои афзалиятноки тараққиёти Тоҷикистон маълумот манзур намуд
ДУШАНБЕ, 05.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо бо дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат Тоҷикистон марҳила ба марҳила тараққӣ карда, сатҳи зиндагии мардум беҳтар мешавад. Соли 2020 баъди сар задани бемории сироятии коронавируси COVID-19, ки ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифт, як қатор мушкилот ба вуҷуд омаданд. Аммо тадбирҳои сари вақт андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала имкон доданд, ки шиддати сирояти ин беморӣ пешгирӣ шуда, гирифторони ин вирус ба таври фаврӣ табобат карда шаванд.
Ин матлабро вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода дар вохӯрӣ бо фаъолону сокинони ноҳияи Данғара, ки дар Донишгоҳи давлатии Данғара доир шуд, изҳор дошт.
Мавсуф ҳамзамон оид ба дастовардҳои корӣ, мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул намудааст, чораҳои беҳдошти вазъияти баамаломада оид ба пешгирӣ намудани мушкилоти барқ ва истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, пардохти саривақтии маблағҳои истифодаи барқ, истифодаи лампаҳои каммасраф барои захираи неруи барқ, истифодаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ бо гирифтани 2-3 ҳосил барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди неруи зеҳнию ақлонии наврасону ҷавонон суҳбат намуда, роҷеъ ба вазъи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, рушди устувори соҳибкорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки тараққиёти мамлакат маълумот манзур намуд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Нуралӣ Шоҳиён изҳор дошт, ки “мо бояд дарк намоем, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои мардуми мо, махсусан сокинони деҳот имконияти хуби беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагиро ба бор овард. Мо имрӯз бояд ба қадри ин ғамхориҳои Пешвои миллат расида, ба кору пайкорамон муносибати ҷиддӣ намоем. Имрӯзҳо дар Донишгоҳи давлатии Данғара татбиқи технологияҳои навини зеҳнию инноватсионнӣ ва ҳунармандӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара тасмим гирифтааст, ки соли 2021 татбиқи пурраи ҳукумати электронӣ ва робита бо фазои иттилоотиро ба роҳ монда, ба ҳайати омӯзгорону кормандон планшет туҳфа намояд. Мо бояд баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ҷидду ҷаҳд намоем ва бо пайравӣ аз Пешвои муаззами миллат ҷавононро дар рӯҳияи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ва меҳнатдӯстию худшиносии миллӣ тарбия намоем”.
Хотиррасон мешавем, ки мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 9 январи имсол мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон сурат мегирад.








Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд






