Вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Раҳматзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо интихобкунандагон мулоқот кард

Январь 9, 2021 10:01

ДУШАНБЕ, 09.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода бо интихобкунандагон доир гардида, дар он мавсуф нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дод. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Номбурда перомуни дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуда, иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Ҳамзамон вакили Маҷлиси намояндагон доир ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, истифодаи самараноки замин, пешгирии бемориҳои сироятӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сухан гуфт.

Чунин мулоқот дар тарабхонаи «Висол»-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов  низ доир шуд. Дар вохӯрӣ зиёда аз 220 нафар интихобкунандагон ширкат варзида, аз вакили Маҷлиси намояндагон ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Мулоқоту суҳбатҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат то 9 январ идома меёбанд.

Январь 9, 2021 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид