ДУШАНБЕ, 16.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагон дар мулоқот бо интихобкунандагон аз 31 декабр то 9 январи соли 2021 мавзӯъҳои муҳиму рӯзмарраро шарҳу тавзеҳ доданд. Дар ин суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон доир ба масоили мавриди таваҷҷуҳ ва ҳалли мушкилоти мавҷудаи сокинон изҳори назар карда шуд.
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар” вакили Маҷлиси намояндагони Маҷиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нематулло Холбойзода иброз дошт, “мулоқоти мо бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Қубодиён-31 якҷоя бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Файзуллозода сурат гирифт. Дар ин вохӯриҳо мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, истифодаи оқилонаю сарфакоронаи неруи барқ, истифодаи мақсаднокии заминҳои наздиҳавлигӣ, ёрирасон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳадафи чоруми стратегии мамлакат- саноатикунонии босуръати кишвар аз мавзӯъҳое буданд, ки мо зимни мулоқот бо интихобкунандагон дар ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритус ва Қубодиён шарҳу тавзеҳ додем”.
Ҳамзамон бо мардум оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, Муроҷиатномаи Ширкати Саҳомии Холдингии Кушодаи “Барқи Тоҷик” ба мардуми ҷумҳурӣ ҷиҳати истифодаи оқилона, сарфакорона ва мақсадноки неруи барқ, муҳокимаҳои парлумонӣ вобаста ба рушди соҳаи саноат ва ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мавзӯъҳои муҳиму рӯзмарра, аз қабили омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Исиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳо дар самти иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, андешидани тадбирҳо вобаста ба дастгирии ҷавонон, занону духтарон аз ҷониби Ҳукумату давлат, амалишавии барнома ва Консепсияҳои қабулгардида, инчунин вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории коронавируси COVID-19 суҳбатҳо ороста шуданд.
Зимни вохӯриҳо интихобкунандагон доир ба мушкилоти ҷойдошта, роҳҳои бартарафсозии онҳо, камбудиҳо дар фаъолияти баъзе сохторҳои маҳаллӣ, бахусус дар самти таъмини оби полезӣ изҳори андеша намуда, ҷонибдории худро аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи барномаҳои Ҳукумати мамлакат изҳор доштанд.