12 феврал Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати фарҳанг, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Февраль 11, 2021 10:34

ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Кумитаи рушди сайёҳӣ соати 09:00 дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»  баргузор мешавад.

Вазорати фарҳанг нишасти матбуотиро соати 10:00 дар маҷлисгоҳи вазорат барпо менамояд.

Нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегӣ соати 11:00 дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор мешавад.

Нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ доир мешавад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои  238-54-23, 888-08-34-04 мувофиқа менамоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Февраль 11, 2021 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд