Раҳоии 16 бошандаи вулусволиҳои Молистон ва Ҷоғурии вилояти Ғазнӣ аз асорати «Толибон»

Февраль 25, 2021 08:50

ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти маҳаллии вилояти Ғазнии ҶИА мегӯянд, ки мусофирони рабудашуда дар Қарабоғ шаби гузашта аз асорати “Толибон” (мамнуъ дар Тоҷикистон) раҳо карда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи “Садои Амрико” дар Афғонистон (www.darivoa.com.).

Ориф Боҳунар, роҳбари вулусволии Ҷоғурӣ, рӯзи 24 феврал ба “Садои Амрико” гуфтааст, ки 16 сокини вулусволиҳои Молистон ва Ҷоғурӣ пас аз раҳоӣ аз боздоштгоҳи “Толибон” ба Ғазнӣ интиқол дода шуданд.

Ҳасан Ризо Юсуфӣ, намояндаи Ҷоғурӣ дар Шӯрои вилоятии Ғазнӣ ба “Садои Амрико” гуфт, ки ин афрод дар натиҷаи миёнаравии уламои дин ва бузургони қавмии вулусволиҳои Ҷоғурӣ ва Қарабоғ аз чанги “Толибон” озод шуданд.

“Толибон” ин афродро ду моҳ пеш дар ҳудуди вулусволии Қарабоғи вилояти Ғазнӣ мошинҳо фароварда, бо худ бурда буданд.

Шӯрои вилоятии Ғазнӣ гуфтааст, ки тамоми ин афрод ғайринизомӣ ҳастанд ва далели рабуда шудану раҳоии онҳо тавассути ”Толибон” ҳанӯз муайян нашудааст.

Дар бораи ин хабар “Толибон” изҳори назар накардаанд.

Февраль 25, 2021 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид