Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 02.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқӣ ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон оғоз бахшиданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷумъабой Абдулҳакимов бунёд гардидааст.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ аз 15 то 18 тонна маҳсулоти босифати ғизоиро дар бар мегирад. Дар корхонаи нави саноатӣ 22 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд, ки аксари онҳоро занону бонувони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Бонувон хушнуд аз онанд, ки бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, маҳсулоти бомаззаи ватанӣ истеҳсол менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар корхонаи навтаъсис аввалан нон бо шакли махсус ва тамъи хосса пухта шуда, баъдан коркард мегардад, ки аз он 6 номгӯй маҳсулоти босифат бо тамъҳои гӯшти мурғ, қаймоқ, кабутӣ, паниру сихкабоб ва ҳасибу моҳӣ истеҳсол мешаванд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ба корхона таҷҳизоти муосир аз кишварҳои Аврупо, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб гардидаанд.
Дар хати технологии замонавӣ маҳсулоти ордӣ бо унсурҳои иловагӣ то марҳилаи ниҳоӣ коркард ва банду баст мешавад, ки он дорои сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.
Бо дарназардошти он ки талабгорони ин навъи маҳсулот аксаран кӯдакону наврасон ва ҷавонон мебошанд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба таркиб ва сифати он диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, масъулонро вазифадор карданд, ки дар раванди истеҳсолот ба сифатнокӣ таваҷҷуҳи асосӣ равона намоянд. Зимнан ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки таркиби маҳсулоти нонӣ, аз орду равған, ширу шакар, обу намак, тухму қаймоқ ва дигар унсурҳои табиию маводи хушбӯйкунанда иборат аст.
Бояд гуфт, ки қаблан маҳсулоти коркардшудаи нонӣ аз хориҷи мамлакат ворид мешуд ва арзиши гарон дошт. Тӯли солҳои охир бо дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат истеҳсоли ин навъи маҳсулот бо сифати баланд ба роҳ монда шуда, ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад, ки дар бозори истеъмолӣ рақобатпазир асту талабгорони зиёд дорад.
Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳи нави саноатӣ дидан карданд. Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат аз истеҳсоли маҳсулоти дигари ғизоӣ, ки дар натиҷаи коркарди картошкаи маҳаллӣ истеҳсол мешавад, иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки дар сехи алоҳидаи тобеи корхонаи мазкур коркарди картошка ба роҳ монда шудааст ва аз он маҳсулоти хушсифату болаззат омода мегардад.
Дар заминаи татбиқи ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва имтиёзҳои муқарраргардида ба соҳибкорони ватанӣ чунин корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ дар мамлакат, хусусан дар вилояти Суғд бунёд ва мавриди истифода қарор мегиранд, ки дар баробари истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватанӣ, ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, сокинони зиёд ба шуғли доимӣ ҷалб карда мешаванд.
Ҳамаи ин тадбирҳои муҳим ба хотири баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватандӯст ҷиҳати бунёди корхонаи нави тавлидотӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, барои боз ҳам афзоиш додани иқтидори истеҳсолӣ ва бештар намудани ҷойҳои нави корӣ маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.









Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон






