Абдулаҳад Хоҷазода: 2 лоиҳаи Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ба рушди соҳаи кишоварзӣ равона шудаанд

Февраль 18, 2021 15:50

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» њамчун агентии татбиќкунандаи лоиҳаи давлатии сармоягузории «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳњо — II» ва «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, ба рушди соҳаи кишоварзӣ равона гардидаанд.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷазода ба хабарнигорон ибрози назар намуд.

Ба гуфти мавсуф, лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чорвогоҳҳо — II» аз соли 2016 оғоз гардидааст, ки 31 марти соли 2021 ба анҷом мерасад. Дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» 55 зерлоиҳаи инфрасохторӣ дар деҳаҳои зерҳадаф амалӣ гардид.

«Мувофиқи тавсияи олимони соҳа,  дар шароити Тоҷикистон барои тараққиёти соҳаи занбӯри асалпарварӣ аз ҳисоби рустаниҳои шаҳддиҳанда, ки маҳз дар водию кӯҳсор мерӯянд, имконияти парвариши ҳазорҳо оилаи занбӯри асал мавҷуд аст. Истифодаи чунин имконот истеҳсоли асалро ба маротиб зиёд намуда, ҳамзамон тавассути гардолудкунӣ ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда ва рустаниҳоро зиёд менамояд. Бо мақсади баланд бардоштани даромади занҳои ниёзманди деҳаҳои зерҳадаф тавассути рушди занбӯри асалпарварӣ ба баҳрагирандагон 2740 оилаи занбӯри асал бо дастгоҳу таҷҳизоти ёрирасони занбӯрпарварӣ дастрас шуд», — гуфт Абдулаҳад Хоҷазода.

Абдулаҳад Хоҷазода њамчунин, зикр кард, ки дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Деваштич, Шаҳристон, Рашт ва Тоҷикобод лоиҳаи “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” татбиқ мегардад. Татбиқи лоиҳа соли 2018 оғоз шуда, соли 2024 ба анҷом мерасад. Ин лоиҳа мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, сари вақт ва хушсифат омода намудани заминҳои киштшаванда, коркарди байни қаторҳои зироати кишоварзӣ, ҷамъоварии хӯроки чорво, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони боғҳо ва ҷамъоварии ҳосили зироати кишоварзӣ дошта, 55 адад трактори гуногунтамға, 9 адад комбайни ғалладарав, 23 адад ядак, 78 адад испор, 43 адад сихмола, 13 адад алафтойбандї, 3 адад картошкаканак ва картошкашинонак, 15 адад култиватори байниқаторӣ, 2 адад дорупошакҳои тракторӣ, 11 адад алафдараваки тракторӣ, 1 адад ғаллакӯбак ва 3 адад мошинолоти кишоварзї барои ҷамъоварии хўроки чорво ба кишоварзони ноҳияҳои зерҳадаф дастрас кард.

Февраль 18, 2021 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони «Тоҷикаэронавигатсия» бо раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус шинос гардиданд
Дар Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Кӯлоб шинос гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои ИДМ дар Минск доир шуд
Дар Лондон масъалаҳо оид ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон баррасӣ гардиданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР АМНИЯТИ КИБЕРӢ. Андешаҳо оид ба имконот ва таъсири он ба мудофиаи киберӣ
Дар Душанбе ҷаласаҳои муштараки соҳаи алоқаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд
Дар мавзуи «Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳукумати электронӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Хуросон ҷамъоварии пахта идома дорад
Эъломияи Сеул ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяро дар соҳаи зеҳни сунъӣ тақвият медиҳад
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид