Агентии содирот феҳристҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатиро таҳия намуд

Февраль 20, 2021 10:15

ДУШАНБЕ, 20.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида  Агентии содирот ҷиҳати диверсификатсияи маҳсулоти содиротӣ, инчунин дақиқ муайян намудани имконияти содиротии кишвар феҳристҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатиро таҳия намуд, ки тибқи дастури дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корбарӣ ба сохторҳои соҳавӣ пешниҳод гардидааст. Ҳамчунон феҳристҳои субъектҳои содироткунандаи маҳсулоти кишоварзию саноатӣ таҳия шуданд, ки айни замон дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Дар ин бора  директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода  19 феврал зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.

Мақсад аз таҳияи ҳуҷҷатҳои зикргардида дақиқ муайян кардани имконияти содиротии кишвар буда, барои  дар сатҳи зарурӣ муаррифӣ кардани молу маҳсулоти содиротӣ мусоидат менамояд.

Дар самти содагардонии расмиёти савдо Агентӣ бо вазорату идораҳои дахлдор тадбирҳои зеринро амалӣ намуда истодааст.

Тибқи розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузариш ба Низоми содироткунандагони бақайгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо тадбирҳои дахлдор сари вақт амалӣ шуданд, ки дар натиҷа сертификати гузариш ба низоми мазкур 1 декабри соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шуд.

Ҳамзамон Агентии содирот  мақоми ваколатдори давлатӣ доир ба низоми содиркунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо (Registered Exporter System) муайян гардид.

Айни замон пешбурди кори Низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби Агентии содирот ройгон ба роҳ монда шуда, бақайдгирии содироткунандагон дар он тариқи электронӣ амалӣ шуда истодааст, ки ба ҳадафҳои болозикр яъне ҳавасмандгардонӣ (бе пардохти маблағ — ройгон), содагардонии расмиёти савдо (ба тариқи электронӣ — бо сарфи вақт ва хароҷот) мусоидат менамояд.

Февраль 20, 2021 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ