Ҷамолиддин Абдуллозода ба Роҳбари Намояндагии СУТ: аз оғози сол дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи нави сирояти COVID-19 ошкор нашудааст
ДУШАНБЕ, 02.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози моҳи январи соли равон то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи нави бемории сироятии COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора дирӯз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни мулоқот бо Роҳбари навтаъйини Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Тоҷикистон Виктор Олшавски маълумот дод.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар оғози мулоқот Ҷамолиддин Абдуллозода Виктор Олшавскиро ба муносибати Роҳбари Намояндагии СУТ дар Тоҷикистон таъйин гардиданаш шодбош гуфта, дар идомаи фаъолияти корӣ ба ӯ барору комёбӣ орзу кардааст.
Дар идомаи суҳбат Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба вазъи бемории коронавируси нави COVID-19 дар Тоҷикистон маълумот дода, иброз дошт, ки хушбахтона, аз оғози моҳи январи соли равон то имрӯз ягон ҳодисаи нави бемории мазкур ба қайд гирифта нашудааст.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ иброз намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дирӯз муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода низ Роҳбари навтаъйини Намояндагии СУТ дар Тоҷикистон Виктор Олшавскиро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони мазкур, аз ҷумла пешгирӣ ва назорати паҳншавии коронавируси нав (COVID-19) табодули афкор намуданд.
Виктор Олшавскийи 61-сола қаблан намояндаи СУТ дар Босния ва Ҳерзеговина буда, ҳамчунин ба намояндагиҳои Созмон дар Того, Молдова ва Ӯзбекистон кумак кардааст.
Охири моҳи декабри соли гузашта ӯ ба ҳайси Роҳбари намояндагии СУТ дар Тоҷикистон таъйин шуд.
АКС аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






