«Амонатбонк» қарзи ипотекиро фаъол месозад

Февраль 10, 2021 09:13

ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Амонатбонк» шурӯъ аз шашмоҳаи дуюми соли 2021 пешниҳоди қарзҳои ипотекиро ба роҳ мемонад. Дар ин бора 9 феврал Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ дар нишасти матбуотии  ниҳодаш иттилоъ дод. Ӯ дар ҳамин робита гуфт, ки барои он ки қарзи дарозмуддат дода шавад, сарчашма ё худ амонати дарозмуҳлат зарур аст.

«Он бонкҳое бо ин намуди қарз сару кор мегиранд, ки бояд сармояи худӣ ё пасандозҳои дарозмуҳлат дошта бошанд. Амонатҳое, ки дар низоми бонкии кишвар гузошта мешаванд, мутаассифона, хусусияти кӯтоҳмудат- аз 1 то 3 сол доранд, ки самаранокии корро дар ин ҷода паст мекунанд. Аз ин хотир «Амонатбонк» вобаста ба имконияти молиявияш нақша дорад аз ҳисоби сармояи худӣ пешниҳоди қарзи ипотекиро барои шаҳрвандон роҳандозӣ намояд»,- гуфт С.  Икромӣ.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз 13 сол қабл, яъне соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ипотека” қабул шудааст. Қонуни мазкур тамоми муносибатҳои қарздеҳу қарзгирро, ки бо гарави молу мулки ғайриманқул тибқи тартиби муқаррарнамуда ба расмият дароварда мешавад, танзим мекунад. Ҳамчунин қарздиҳии манзил (ипотека) ва фаъолияти ташкилоти қарзӣ дар самти қарздиҳии ипотекӣ дар доираи ҳамин қонун амалӣ карда мешаванд. Имрӯз ташкилоти қарзӣ бо риояи қонуни мазкур фаъолият дошта, ба аҳолии кишвар қарзҳои ипотекӣ пешниҳод намуда истодаанд.

Ба иттилои сардори шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон Мавҷуда Ҳасанова, соли 2020 барои мизоҷон аз ҷониби ташкилоти қарзӣ ба маблағи 102,9 млн. сомонӣ қарзи ипотекӣ пешниҳод шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2019  17,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки дар  кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон барои аҳолии миёнаҳол ягона воситаи  соҳиби хона шудан маҳз қарзҳои ипотекӣ маҳсуб мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ аксарият хоҳиши доштани манзили беҳтар  доранд, вале барои ин маблағи кофӣ намеёбанд. Дар чунин вазъ қарзҳои ипотекӣ ягона роҳи амалишавии орзуҳо барои соҳиби манзил шудан мебошанд. Вале бо таваҷҷуҳ ба он, ки фоизи қарзҳо  дар ҷумҳурӣ баланду муҳлаташон хеле кӯтоҳ аст, самаранокии ин навъи қарзҳо ғайриимкон мебошад.

Ба андешаи таҳлилгарони масъалаҳои иқтисодӣ, дар сурати  аз 10 % боло будани қарзи ипотекӣ самаранокии он зери суол аст.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2021 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Фурӯши ғайриқонунии гиёҳҳои шифобахш пешгирӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Спитамен кишти зироат идома дорад
Дар бозори марказии Пенза барои фурӯши хушкмеваҳои Тоҷикистон гӯшаҳои махсус ҷудо карда шуданд
Дар Душанбе Фестивали «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардид
Вазъи феълӣ ва дурнамои иқтисодиёти Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
«Саноатсодиротбонк» барои хизматрасонӣ ба занони соҳибкор сазовори ҷойи сеюм шуд
Сарбанди Деҳқонобод дар обёрии беш аз 40 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии Ҳамадонӣ, Фархор ва Восеъ нақши муҳим дорад
Намояндаи SECO нишондиҳандаҳои мусбати бахши бонкии Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуд
Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти ҶДММ «Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб» шинос гардид
Дар мулоқоти муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо ҳайати ХБА масоили динамикаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ баррасӣ шуд
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
РУШДИ ПАРАНДАПАРВАРӢ. Дар корхонаи «Тухми Соф»-и Истаравшан беш аз 80 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад