Авлавияти раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба расонаҳои мисрӣ муаррифӣ гардид

Февраль 25, 2021 14:25

ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ барои расонаҳои мисрӣ брифинг баргузор намуда, доир ба авлавияти раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай иттилои муфассал дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Изҳори бовар карда шуд, ки раёсати кишвари мо дар СҲШ босамар хоҳад буд, бахусус дар самти таҳкиму тақвияти амну суботи минтақавӣ ва пешрафту шукуфоӣ. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон чун кишвари ташаббускор дар сатҳи ҷаҳонӣ мудом аз афкори сулҳоварӣ ва тарғибу ташвиқи роҳҳои ҳалли сиёсию дипломатии низоъҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам, хосатан дар Афғонистон пуштибонӣ намуда, тадбирҳои муассир амалӣ менамояд.

Брифинги мазкур ва муҳтавои раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар расонаҳои мисрӣ васеъ инъикос ёфт.

Февраль 25, 2021 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд