Ба факултаи муштараки тоҷикӣ-ӯзбекии ДДҲТСТ шумораи баробари донишҷӯён аз ҳарду кишвар қабул мешаванд

Февраль 10, 2021 10:20

ХУҶАНД, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲТСТ) дар Хуҷанд факултаи муштараки тоҷикӣ-ӯзбекӣ ифтитоҳ мешавад. Созишномаи қаблан имзошуда дар бораи ҳамкорӣ байни вазоратҳои маориф ва илми ду давлат асоси таъсиси он мебошад. Дар ин бора ректори донишгоҳ Мӯъмин Шарифзода дар як нишасти матбуотӣ хабар дод.

Факултаи навро Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Тошканд ва Донишгоҳи молиявии Тошканд таъсис медиҳанд.

Дар факулта ихтисосҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқшиносӣ, инчунин бонкдорӣ, молия ва қарз омӯзонида мешаванд.

Ба гуфтаи ректор, барои қабул ва омӯзонидани 275 донишҷӯ аллакай синфхонаҳои мутобиқ ба талаботи зарурӣ омода карда шудаанд. Донишҷӯёне, ки дар факултаи тоҷикӣ-ӯзбекӣ таҳсил мекунанд, се сол дар Хуҷанд ва як сол дар Тошканд, магистрантҳо яксолӣ дар ҳарду кишвар таҳсил хоҳанд кард.

Ба факултаи муштарак шумораи баробари донишҷӯён аз ҳарду кишвар қабул карда мешаванд. Таълим ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат хоҳад гирифт.

Ҳоло дар донишгоҳ 9238 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд, аз он ҷумла 1500 нафар аз кишварҳои хориҷии наздик ва дур, 1287 нафар — аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Худи донишгоҳ ҳоло бо зиёда аз 70 муассисаи таълимӣ ва илмӣ — таҳқиқотии ватанӣ ва хориҷӣ шартномаҳои дуҷониба дорад.

Февраль 10, 2021 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад