Ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 28 — умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ ва устодону донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.
Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ иброз намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллиамон буда, баъд аз якуним соли ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, яъне 18 декабри соли 1992 дар марҳалаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт, таъсис дода шуданд. 23-юми феврали соли 1993 аввалин расми гузашти низомии афсарону сарбозон доир гардид. Бо назардошти зарурати ҳифзи сарҳадоти кишвар соли 1997-ум Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шуда, шурӯъ аз соли 2005 ҳифзи боэътимоди марзҳои кишвар пурра ба зиммаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун ҷузъи таркибии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат гузашт.
Зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии Артиши миллӣ, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардондани шароити моддӣ – техникӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Маҳз натиҷаи ҳамин ғамхориҳои рӯзафзун аст, ки имрӯз Артиши миллии мо ба неруи тавонои ҳарбӣ ва сипари боэътимоди сулҳу субот табдил ёфтааст.
«Бо назардошти он ки сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамонро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва тақвияти ҳисси миллии сарбозони оянда аз вазифаҳои муҳимтарини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии касбӣ ва аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад ҳамаҷониба омӯхтани таърихи халқи тоҷик, ифтихор аз он ва гузаштагони шарафманди хеш –қаҳрамонони миллии халқамон ва дигар фарзандони сарсупурдаи миллат бисёр муҳим мебошад», — гуфт Муҳриддин Низомӣ.










ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






