Ба Тоҷикистон нақлиёти калонҳаҷми сайёр, ки дорои ҳуҷраҳои гуногуни тиббӣ мебошад, ворид хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади гузаронидани комиссияи инспектсионӣ ҷиҳати қабули маҷмӯи тиббии сайёр дар доираи татбиқи маблағгузории бебозгашт, ки аз ҷониби Барномаи хайриявии (Шоҳ Абдулло ибн Абдулазиз) Бонки Исломии Рушд барои харидорӣ ва истифодаи маҷмӯи тиббии сайёр дар баъзе давлатҳо амалӣ карда мешавад, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ҷамолиддин Абдуллозода зимни сафари корӣ аз корхонаи саноатии Сакараяи Ҷумҳурии Туркия дидан намуда, бо маҷмӯи тиббии сайёр, яъне воситаҳои нақлиётии калонҳаҷме, ки интизор меравад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шаванд, шинос гардид.
Дар доираи Барномаи мазкур тавассути Бонки Исломии Рушд барои таъсиси панҷ маҷмӯи тиббии сайёр маблағҳои грантӣ ҷудо гардидаанд. Тибқи муқаррарот, Бонки мазкур тавассути озмуни байналмилалӣ ширкати «Нормека»-и Норвегияро ҳамчун оператори пешниҳоди маҷмӯи тиббии сайёр интихоб намудааст. Маҷмӯи тиббии сайёр воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм буда, дарозиашон тибқи стандартҳои аврупоӣ 18 метр ва баландиашон 4,2 метр мебошад, ки бо ҳуҷраҳои гуногун, аз ҷумла акушерӣ, офталмологӣ, кардиологӣ, ултрасадо, рентгени рақамӣ ва таҷҳизот барои эндоскопияи хурд муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Дар баробари ин, дар доираи барномаи мазкур воситаҳои нақлиёти махсусгардонидашудаи ёрирасони клиникаҳои сайёр пешниҳод карда мешаванд, ки онҳо барои дастрас намудани беморон аз деҳаҳои дурдасти кӯҳӣ то ба клиникаҳои сайёр хизмат мерасонанд.
Бояд зикр намуд, ки Созишнома 27 октябри соли 2014 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд ба имзо расида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 декабри соли 2014 тасдиқ (ратификатсия) гардидааст.










Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






