Бо бунёди 759 иншоот дар ноҳияи Шоҳмансур 7819 ҷойи нави корӣ таъсис мешавад
ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Билол Иброҳим ба хабарнигорон иброз намуд, ки ба муносибати таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2019-2021» дар ноҳия бунёди 759 иншоот бо таъсиси 7819 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Мавсуф зикр намуд, ки соҳибкорӣ омили асосии пешрафт буда, дар ноҳия ба он диққату этибори ҳаматарафа дода мешавад. Дар соли сипаригардида 5405 нафар соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли 2019 63 нафар зиёд мебошад.
Дар ҳудуди ноҳия 24 муассисаи тандурустӣ ҷойгир буда, аз ин шумора 8 муасссиса аз буҷети ноҳия маблағгузорӣ карда мешаванд. Шумораи умумии кормандон дар ҳамаи муассисаҳои тандурустии ҳудуди ноҳия 3621 нафар буда, аз инҳо табибон 1972 нафар, ҳамшираи тиббӣ 1365 нафар, маъмурият ва кормандони техникӣ 1184 нафарро ташкил медиҳанд.
Дар ҷараёни нишаст иброз гардид, ки дар соли сипаригардида нисбат ба 22 нафар шаҳрвандоне, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро риоя накарданд, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 8 923 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Инчунин нисбат ба 10 нафар шаҳрвандоне, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон намуданд, парвандаи ҳуқуқвайронунии маъмурӣ тартиб дода, ба Суди ноҳия барои баррасӣ ирсол карда шуд.
Дар маҷмӯъ, қонунвайронкунандагон ба маблағи 51 330 сомонӣ ҷарима баста шудаанд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






