COVID-19: шумораи сироятёфтагон дар ҷаҳон аз 106,5 миллион нафар гузашт
ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят бо COVID-19 дар ҷаҳон аз 106 миллиону 685 ҳазор гузашт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти имрӯзаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Тибқи маълумот, шумораи фавтидагон беш аз 2 миллиону 327 ҳазор нафар гардида, зиёда аз 78 миллион нафар шифо ёфтаанд.
Дар Иёлоти Муттаҳида 27 миллиону 611 ҳазору 403 ҳолати тасдиқшудаи сирояти вирус ба қайд гирифта шудааст. Шумораи фавтидагон дар ин ҷо 474 933 нафарро ташкил медиҳад, ки аз рӯи ин нишондиҳанда низ ИМА дар ҷаҳон дар ҷои аввал мебошад. Теъдоди ҳолатҳои тасдиқшуда сироят дар Ҳиндустон, ки дар нишондоди ҷаҳонӣ дар ҷои дуюм қарор дорад, ба 10 838 843 нафар расида, шумораи фавтидагон 155 114 нафарро ташкил медиҳад. Баъд аз он Бразилия ҷойгир аст, ки дар он 9 524 640 нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд ва 231 561 нафар бар асари сироят фавтидаанд.
Россия аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷаҳон дар ҷои чорум қарор дорад — 3 967 281. Шабонарӯзи охир дар он ҷо 16 048 ҳолати нав ба қайд гирифта шудааст. Аз замони пайдоиши коронавирус дар Россия 76 661 нафар фавтидаанд. Дар ҷои панҷум аз рӯи шумораи умумии сироятёфтагон Британияи Кабир буда, дар он ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят 3 миллиону 945 ҳазору 680 нафар ва фавт 112 ҳазору 465 нафарро ташкил медиҳанд. Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, Франсия, Испания, Италия, Туркия ва Германия низ шомил мешаванд.
Дар Эрон 1 миллиону 466 ҳазору 435 нафар сироят ёфта, 58 ҳазору 469 нафар фавтидаанд. Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар Гурҷистон ба 262 024 нафар расида, 3 283 нафар вафот кардаанд.
Чин- кишвари пайдоиши сироят дар ҷои 83-юм мебошад. Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшуда дар он 89 706 нафар буда, 83 952 каси онҳо шифо ёфтаанд ва 4 636 нафар фавтидаанд.
СУТ паҳншавии сироятро дар беш аз 221 ҳудуд ва кишвар ба қайд гирифтааст.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






