COVID-19: шумораи сироятёфтагон дар ҷаҳон аз 106,5 миллион нафар гузашт

Февраль 8, 2021 13:12

ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят бо COVID-19 дар ҷаҳон аз 106 миллиону 685 ҳазор гузашт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти имрӯзаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Тибқи маълумот, шумораи фавтидагон беш аз 2 миллиону 327 ҳазор нафар гардида, зиёда аз 78 миллион нафар шифо ёфтаанд.

Дар Иёлоти Муттаҳида 27 миллиону 611 ҳазору 403 ҳолати тасдиқшудаи сирояти вирус ба қайд гирифта шудааст. Шумораи фавтидагон дар ин ҷо 474 933 нафарро ташкил медиҳад, ки аз рӯи ин нишондиҳанда низ ИМА дар ҷаҳон дар ҷои аввал мебошад. Теъдоди ҳолатҳои тасдиқшуда сироят дар Ҳиндустон, ки дар нишондоди ҷаҳонӣ дар ҷои дуюм қарор дорад, ба 10 838 843 нафар расида, шумораи фавтидагон 155 114 нафарро ташкил медиҳад. Баъд аз он Бразилия ҷойгир аст, ки дар он 9 524 640 нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд ва 231 561 нафар бар асари сироят фавтидаанд.

Россия аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷаҳон дар ҷои чорум қарор дорад — 3 967 281. Шабонарӯзи охир дар он ҷо 16 048 ҳолати нав ба қайд гирифта шудааст. Аз замони пайдоиши коронавирус дар Россия 76 661 нафар фавтидаанд. Дар ҷои панҷум аз рӯи шумораи умумии сироятёфтагон Британияи Кабир буда, дар он ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят 3 миллиону 945 ҳазору 680 нафар ва фавт 112 ҳазору 465 нафарро ташкил медиҳанд. Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, Франсия, Испания, Италия, Туркия ва Германия низ шомил мешаванд.

Дар Эрон 1 миллиону 466 ҳазору 435 нафар сироят ёфта, 58 ҳазору 469 нафар фавтидаанд. Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар Гурҷистон ба 262 024 нафар расида, 3 283 нафар вафот кардаанд.

Чин- кишвари пайдоиши сироят дар ҷои 83-юм мебошад. Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшуда дар он 89 706 нафар буда, 83 952 каси онҳо шифо ёфтаанд ва 4 636 нафар фавтидаанд.

СУТ паҳншавии сироятро дар беш аз 221 ҳудуд ва кишвар ба қайд гирифтааст.

Февраль 8, 2021 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода