Дар ҷаҳон дар як шабонарӯз зиёда аз 262 ҳазор нафар аз коронавирус сироят ёфтанд
ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавирус дар ҷаҳон дар як шабонарӯз беш аз 262 ҳазор афзоиш ёфт ва аз 109,66 миллион зиёд шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ки имрӯз нашр шуд.
То соати 10:00 (ба вақти Душанбе) -и 16 феврал, ба СУТ дар бораи 109 669 586 сироятёфта ва 2418 211 фавтида маълумот ворид гардидааст. Шумораи сироятёфтагон то 262 943 нафар ва фавтидаҳо то 6 573 нафар зиёд шудааст.
Зикр карда шудааст, ки зиёда аз нисфи сироятёбиҳо ба Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ (110 078) рост меоянд, дар ҷои дуюм — минтақаҳои Аврупо (82,474) ва дар ҷои сеюм — Осиё (60,387) қарор доранд.
Аксари ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар ИМА сабт шудаанд — 28 317 70. Пас аз он Ҳиндустон (10 925 311), Бразилия (9 866 710), Россия (4 086 090), Британияи Кабир (4 047 843), Франсия (3 469 539), Испания (3.086.286), Италия (2.729.223), Туркия (2.594.128), Германия (2.346.876), Колумбия (2.198.549) ва Аргентина (2.029.057) қарор доранд.
Акси тасвирӣ аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






