Дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ оилаҳои сарбозон аёдат шуданд

Февраль 20, 2021 09:44

ДУШАНБЕ, 20.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сиёсати инсонпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Далер Қобилзода  ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода  дар арафаи таҷлили ҷашни 28-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо рӯзгори якчанд ҷавонмарде, ки дар роҳи ҳимояи Ватан ва сохти конститутсионӣ сина сипар намуданд ва як тан ҷавоне, ки хизмати Ватанро адо менамояд, шинос гардида, ба хабаргирӣ ва ҳолпурсии оилаи онҳо рафтанд. Дар ин бора аз дастгоҳи КИМ ҲХДТ  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимнан ба оилаҳои номбурда миқдори зарурии маводи ғизоӣ дастрас намуда, барои идомаи таҳсили фарзандони оилаи онҳо дар муассисаҳои таълимӣ бобати таъмини лавозимоти хониш, хизматрасонии иҷтимоӣ ва дастрасии маводи дорувории лозимӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамзамон иброз гардид, ки дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳои миллӣ дигар оилаҳои ниёзманду ятим ва маъюбон аёдат шуда, зери сарпарастӣ гирифта мешаванд.

Февраль 20, 2021 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд