Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои навбатии маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор гардид. Дар он муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, намояндагон аз Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати фарҳанг, Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати мамлакат дар соли 2020 ҷиҳати ба омӯзиш фаро гирифтани ҷавононе, ки ҳоло дар хориҷи кишвар қарор доранд, андешаронӣ намуда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз соли 2014 дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» фаъолият дорад. Аъзои ин Шӯро вазорату идораҳои дахлдоре мебошанд, ки барои ҳалли масъалаи ҷавонони дар хориҷ аз кишвар таҳсилдошта расидагӣ мекунанд.
«Имрӯз ҷавононе, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил мекунанд, пайваста бо мо дар иртибот буда, аз мушкилоти худ моро огоҳ месозанд. Бояд гуфт, ки имрӯз қувваи ҷавонон барои мо хеле зарур мебошад. Танҳо дар такя бар қувваи ҳамдигар дар шароити имрӯзаи рушд мо метавонем ба ҳадафҳои олии худ бирасем. Мақсади асосии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз баргузории ҷаласаи Шӯрои маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»- ин пешбурди кори Шӯро мебошад, то ин ки ҷавонони тоҷик дар хориҷ аз кишвар ба ҳар гуна амалҳои ношоям даст назананд»,- гуфт Д.Аҳмадзода.
Ба зикри Роҳбари маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» Хусрав Аюбзода, мақсад аз баргузории ҷаласаи шӯро- ин натиҷагирӣ аз фаъолияти маҳфил дар соли 2020 ва муҳокимаи нақшаи чорабиниҳо барои соли 2021 мебошад.
Маҳфил дорои Шӯрои босалоҳият буда, ҳар се моҳ ҷаласаи Шӯрои он баргузор карда мешавад, ки дар он ҳисобот аз ҷараёни фаъолияти маҳфил шунида мешавад. Ҳоло намояндагии маҳфил дар 17 давлати дунё фаъолият менамояд,- афзуд номбурда.
Ба иттилои котиби дуюми шуъбаи ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷии мамлакат Яҳё Валиев, аксари донишҷӯёни тоҷик дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия дар асоси бурсияҳои давлатӣ ва бо роҳҳои хусусӣ таҳсил менамоянд. Ба ин хотир дар якчанд шаҳрҳои Россия маҳфили ҷавонони тоҷик таъсис дода шудааст. «Ҷавононе, ки дар соли хониши 2020-2021 ба донишгоҳҳои Федератсияи Россия дохил шуданд, бо сабаби пандемияи КОВИД -19 ба онҷо сафар карда натавонистанд. Вале новобаста аз ин. аксари онҳо таҳсили худро тариқи маҷозӣ давом дода истодаанд. Умед аст, ки мушкилии онҳо ояндаи наздик ҳалли худро меёбад»,- гуфт Яҳё Валиев.
Тавре маълум аст, қисми зиёди аҳолии мамлакати моро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки ҷавонон оянда ва неруи пешбарандаи ҷомеаи мо ҳастанд.
Айн замон ҳазорҳо ҷавонони тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ таҳсили илм менамоянд ва ҳамасола шумораи онҳо дар ҳоли афзоиш аст. Бинобар ин мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, то донишҷӯён донишу малакаи худро такмил дода, дар рушду ободонии мамлакатамон саҳм гузоранд.








Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд
Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд
Байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Белая Рус» Меморандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
БОЗТОБИ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Расонаҳои мисрӣ дар ин хусус гузоришу мақолаҳо ба нашр расониданд
Соли 2030 дар ҳудуди Тоҷикистон баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
БОЙГОНӢ — ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи байналмилалии бойгонӣ бахшида мешавад
Дар Душанбе татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо ширкати Чин баррасӣ шуд
Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — тадбири намунавӣ дар байни мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ
Тоҷикистонро моҳи аввали фасли тобистон чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон бо озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ таъмин гардиданд
Таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди ғизои мактабӣ бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ баррасӣ гардид
150 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд






