Дар Душанбе музокироти гурӯҳҳои корӣ оид ба аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26-30 январ дар Душанбе байни гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон музокирот баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, др ҷараёни музокирот Нақша-ҷадвали мулоқотҳо барои соли 2021, ки вохӯриҳои ҳармоҳаи тарафҳоро пешбинӣ мекунад, ҳамоҳанг шуд.
Ҷонибҳо роҷеъ ба макон ва таърихи анҷом додани корҳои муштараки саҳроӣ ба мувофиқа расида, дигар масъалаҳои марзӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро баррасӣ карданд. Аз натиҷаи музокирот Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Музокирот дар фазои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек барпо гардид.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ









Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






