Дар Хуҷанд майдони ҳудуди Муҷассамаи ёдгории шаҳидони ҶБВ мавриди навсозӣ қарор мегирад

Февраль 2, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 02.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ майдони ҳудуди Муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳри Хуҷанд мавриди навсозӣ қарор мегирад.

Тавре аз аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, навсозии майдони мазкур бо мақсади фароҳам овардани истироҳату фароғат барои шаҳрвандон ва обод намудани як гўшаи сераҳолии шаҳр мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳои иншооти пешниҳодшуда таъкид намуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Хуҷанд бояд симои нав ба бар намояд. Амалӣ шудани иқдоми мазкур бо риояи тамоми талаботи меъморию шаҳрсозӣ шаҳри бостонии Хуҷандро ба «Тирози ҷаҳон»-и воқеӣ мубаддал хоҳад гардонд.

Ҳамчунин ба масулин ҷиҳати такмили лоиҳа бо назардошти васеъ намудани роҳҳо, чароғонкунии атроф, зеббахшии биноҳои баландошёнаи истиқоматию хизматрасонӣ, сабзазоркунии муҳити атроф ва ғайраҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.

Февраль 2, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад