Дар Кӯлоб Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар соҳаи илм таҷлил карда шуд

Февраль 10, 2021 10:49

ДУШАНБЕ, 10.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. 9 феврал дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар соҳаи илм таҳти унвони “Занон ва рушди илми муосир” конфренсияи илмӣ баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар соҳаи илм ҳамасола 11 феврал таҷлил мешавад.

Дар конференсия намояндагони Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Аз 112 мақолаи илмии манзургардида 32 ададаш беҳтарин дониста шуд.

Зикр шуд, ки илм ва баробарии гендерӣ унсурҳои ҷудонашавандаи раванди дастовардҳои рушди устувор то соли 2030 маҳсуб мешаванд. Тайи 15 соли охир ҷомеаи ҷаҳонӣ дар кори ҷалби занону духтарон ба соҳаи илм ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.

Бо шарофати андешидани тадбирҳои мушаххас дар вилояти Хатлон ҳамасола шумораи занон-олимон афзуда, ҳоло ба 66 нафар расидааст.

Бо эълон гардидани солҳои 2020-2040 дар Тоҷикистон чун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» рушди илм такони тоза ёфта, ба нақши занон дар илм вусъати нав мебахшад.

Дар охири ҳамоиш занони олим, ки дар рушди илм саҳми назаррас  гузоштаанд, бо дипломҳо ҳавасманд карда шуданд.

Февраль 10, 2021 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад