Дар Кобул автомашинаи Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт

Февраль 10, 2021 09:32

ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ин ҳодиса субҳи рӯзи сешанбе (9.02.2021) дар Кобул рух дод ва автомашинаи Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ҳадафи минаи канори роҳ қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, ки як автомашинаи ин вазорат рӯзи сешанбе дар Кобул ҳадафи минаи канори роҳ қарор гирифтааст ва дар он як тан аз кормандони ин вазорат кушта шудааст.

Ба гуфтаи вазорат, таркиш дар минтақаи Микрорайони I дар маркази Кобул рух додааст.

Хабарнома афзудааст, ки ин вазорат як бори дигар таъкид мекунад, ки «дар сурати коҳиш наёфтани хушунат ва барқарор нашудани оташбас, оқибат ва масъулияти чунин ҳодисаҳои ногувори террористӣ ва идомаи афзоиши хушунатҳо, мустақиман ба уҳдаи “Толибон” (мамнуъ дар Тоҷикистон) ва ҳомиёни онҳо аст».

Полиси Кобул мегӯяд, ки ин таркиш тахминан соати 9:20 субҳи рӯзи сешанбе дар минтақаи Микрорайони I ноҳияи 16 -уми Кобул рух дод ва автомашинаи хидматии ВКХ ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт.

Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла “Толибон”, масъулияти таркишро бар дӯш нагирифтааст.

Кобул рӯзи душанбе низ шоҳиди се таркиш буд, ки дар натиҷа як нафар кушта ва чаҳор тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Февраль 10, 2021 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид