Дар корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон нисбат ба соли 2020 истеҳсолот зиёд аст

Февраль 15, 2021 16:40

ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон ба маблағи 444,7 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 106,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорон орд,  равғани растанӣ ва маҳсулоти қаннодӣ  истеҳсол карда шуд. Дар ин бора имрӯз  зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Тавре мудири  шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон  Мамнур Нурзода ба хабарнигори АМИТ “Ховар” хабар дод, раиси шаҳр дар нишаст иброз дошт, ки алҳол 33 адад корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 1900 нафар кормандон кор мекунанд. Дар дувоздаҳ моҳи соли сипаригардида ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти хизматрасониҳои пулакии барқу об ва бахши хусусӣ ба 516,8 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  111,0 миллион сомониро ташкил дод.

Раиси шаҳр инчунин аз нақшаву тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори ҷашни фархундаи миллиамон-30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида, иброз дошт, ки дар шаҳри Бӯстон баҳри татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори раиси шаҳри Бӯстон ба имзо расида, бо назардошти тағйиру иловаҳо нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба 180 адад расонида шуд, ки он фарогири корҳои ободониву бунёдкорӣ, созандагӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои гуногун, бунёди майдончаҳои варзишӣ, биноҳои истиқоматӣ ва амсоли инҳо мебошад.

Февраль 15, 2021 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Бангкок мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз баргузор шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
Дар доираи Форуми тиҷоратии «New Silk Way» роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон вохӯрӣ намуданд
Мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад