Дар намоиш-фурӯши шаҳри Хуҷанд 1 миллиону 200 ҳазор бех ниҳол ва кӯчати гулҳо пешкаши харидорон гардид

Февраль 22, 2021 12:10

ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 феврал дар саҳни бинои  Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии  шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши ниҳол ва зироати кишоварзӣ баргузор гардид. Дар намоиш  хоҷагидорону кишоварзони 10 шаҳру навоҳии вилоят, ки ба истеҳсоли ниҳол, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироати кишоварзӣ машғуланд, ширкат намуда, беш аз 1 миллиону 200 ҳазор бех ниҳолу гулу гулбуттаҳоро пешкаши харидорон гардониданд.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд, хосатан, пешниҳоди ниҳолҳои навъи гуногуни мевагиҳо, аз ҷумла олуи сиёҳ, хурмо-бодом, ноки дилафрӯз, биҳии самарқандӣ, себи ҳусни Юсуф, зардолуи мирсанҷалӣ, себи зарринтоҷ, шафтолуи чемпион, себи ангубин, олучаи кӯҳӣ, себи голден-деминикс, каҷак-бодом, ноки баҳорӣ, буттаи хуч, олуча-гелос, токи ҳусайнӣ, гелоси ҷойдорӣ ва дарахтони қадпасти сиёҳолу, чанд навъи гуногуни шафтолу ва зардолу, ки аз ҷониби олимони тоҷик парвариш гардидаанд, диққати бештари сокинону боғдоронро ба худ ҷалб намуд.

Инчунин аз ҷониби олимону мутахассисони соҳаи растанипарварӣ роҷеъ ба парвариши ниҳолҳо ва зироат якчанд нуқтаҳои маслиҳатдиҳӣ  ташкил гардида, ба сокинон тавсияҳои судманд дода шуданд.

Бино ба маълумоти масъулини идораи Сарраёсати кишоварзии вилоят, давоми соли 2020 дар миқёси вилояти Суғд дар майдони 566,1 гектар боғҳо ва 60,4 гектар токзори нав бунёд карда шуда, аз масоҳати умумии боғҳо дар масоҳати 654 гектар ниҳолҳои мевагиҳои тухмдор, дар 391,5 гектар ниҳолҳои мевагиҳои донакдор, дар 63,5 гектар ниҳолҳои мевагиҳои мағздор ва 42,6 гектар ниҳолҳои мевагиҳои субтропикӣ шинонида шудаанд.  Инчунин дар ин давра аз боғҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 110,7 ҳазор тонна мева ва 36,5 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ гардидааст.

Зикр гардид, ки тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят чунин намоиш-фурӯши ниҳолҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо то охири моҳи март идома меёбад.

Февраль 22, 2021 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд