Дар Риёз роҳҳои ҷалби сармоягузорони Арабистони Саудӣ ба бахши агросаноатии Тоҷикистон баррасӣ гардид

Февраль 16, 2021 09:43

ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал дар шаҳри Риёз  Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ал-Фадлӣ мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва роҳҳои ҷалби сармоягузорони Арабистони Саудӣ ба бахши агросаноатии Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд. Дар ин замина, роҳандозии ҳамкории мустақим байни бахшҳои хусусии ду кишвар муҳим арзёбӣ гардид.

Инчунин ҷонибҳо ба зарурати таҳияи лоиҳаҳои санадҳои ҳамкории дуҷониба дар  бахши кишоварзӣ таъкид карданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Февраль 16, 2021 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд