Дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Б.Ғафуров амалиёти «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 03.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологӣ, тозаву обод намудани муҳити атроф ва инчунин сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд амалиёти «Тозагии маҳал» ҷараён дорад.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Дадобоев бо истинод ба маълумоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, амалиёти мазкур бо ибтикори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти иҷроия рӯи кор омада, ҳадафи асосии он вусъат бахшидан ба корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо, маҳалҳои аҳолинишин, қад-қади роҳҳои мошингард, мавзеъҳои партовпартоӣ ва назди ҷӯйбору соҳили дарёҳо мебошад.
Чунин амалиёти «Тозагии маҳал» дар дар кӯчаи «60-солагии Тоҷикистон»-и маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, дар он донишҷӯёни Литсейи касбии №56 ва хонандагони МТМУ №13, дар маҷмӯъ 350 нафар иштирок намуда, қад-қади роҳҳо ва роҳи пиёдагарди кӯчаи мазкурро аз партовҳои гуногун тоза намуда, дар натиҷа ба партовгоҳи шаҳр 3 м3 ахлоту хокрӯба бароварданд.
Дар доираи амалиёти мазкур дар шаҳри Гулистон низ бо иштироки қариб 700 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо аз назди коргоҳи ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» то мавзеи НБО-и «Қайроққум» 2 км ҷӯйборҳо, 840 м2 ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишин, 3 км роҳҳои асосӣ аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, 4 м3 партов ҷамъоварӣ гардид.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалиёти мазкур дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ёва ва Ғозиён бо иштироки аҳолии ҷамоатҳо, кормандони соҳаи тандурустӣ ва толибилмони мактабҳои №№31 ва 49 бо теъдоди умумии 250 нафар гузаронида шуда, зимни он роҳҳо аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, ба партовгоҳи ноҳия 5 м3 ахлоту хокрӯба бароварда шуд.
Дар доираи амалиёти «Тозагии маҳал» дар дигар минтақаҳои вилоят низ ҳашарҳои дастаҷамъонаи ободонӣ баҳри тозаву озода намудани муҳити атроф идома доранд.








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






