Дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Турсунзода беш аз 400 бех ниҳоли арчаи можевелник шинонида шуд

Февраль 8, 2021 10:09

ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар шафати шоҳроҳи байналмилалии мошингарди Душанбе-Турсунзода, воқеъ  дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ, Работ, Навобод, Регар  доир гардид, беш аз 400 бех ниҳоли арчаи намуди  можевелник шинонида шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар», иттилоъ медиҳад, ки дар маъракаи  ниҳолнишонӣ, ки ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабзу хуррам гардонидани ҷумҳурӣ доир гардид, дар радифи сокинони ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Турсунзода, кормандони ташкилоту идораҳои воқеъ дар шафати шоҳроҳ, ҳамзамон Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода, Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода низ иштирок намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор мегардад,  ки ба беҳтар шудани ҳолати экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологию зебопарастии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Турсунзода яке аз роҳҳои бузурги мошингард дар ғарби Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути он ҳамлу нақли бор  ва мусофирон  аз кишварҳои ҳамҷавор сурат мегирад. Бинобар ин, тасмим гирифта шудааст, ки дар шафати ин роҳи бузурги байналмилалӣ корҳои ободонӣ, аз ҷумла шинонидани ниҳоли дарахтони ороишӣ, гулу буттаҳои гуногун, ки ба ободонӣ ва тозагии муҳити зист мусоидат менамоянд, ташкил карда шавад.

Бино ба маълумоти сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри  Турсунзода, дар ин рӯз аҳли Ҷамоати деҳоти Қаратоғ, Ҷамоати деҳоти Навобод, Ҷамоати деҳоти Регар, Ҷамоати деҳоти Работ ва кормандони ташкилоту идораҳои дар шоҳроҳ ҷойгиршуда дар маҷмӯъ 3 500 нафар дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.

Ҳамзамон дар радифи ҳашари ниҳолшинонӣ аз соҳилҳои дарёҳои Қаратоғ ва Ширкент 30 куб партовҳо ба партовгоҳи марказии шаҳр бароварда шуданд.

Февраль 8, 2021 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид