Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рейтинги навшудаи ФИФА дар мақоми 120-ум қарор гирифт

Февраль 19, 2021 08:20

ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) бори аввал дар соли нав рейтинги дастаҳои миллиро нашр кард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар он ҷои 120-умро мегирад. Командаи мо 1144 хол дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар моҳи равон бо дастаи миллии Урдун (0:2, 1:0), ки дар Дубай баргузор шуда буданд, ду бозии дӯстона анҷом дод.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатии худро бо дастаи Муғулистон дар даври ҳафтуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар гурӯҳи «F» анҷом медиҳад. Вохӯрӣ  25 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе, соати 18:00 оғоз меёбад.

АКСИ ФФТ

Февраль 19, 2021 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт