ДДМИТ дар оянда мутахассисони марбут ба иқтисоди рақамӣ омода менамояд
ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки соли равон ихтисоси нав- иқтисоди рақамиро дар назди кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотии Донишгоҳ ташкил намояд. Дар ин хусус имрӯз ба намояндагони воситаҳои ахбори омма Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шукрулло Хайрзода иттилоъ дод.
Мавсуф зикр намуд, ки ихтисоси иқтисоди рақамӣ дар гурӯҳи ихтисосҳои Маркази миллии тестӣ ба қайд гирифта шудааст. Интизор меравад, ки дар соли таҳсили 2021-2022 вобаста ба ин ихтисос Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон довталабонро қабул намуда, мутахассисонро дар самти иқтисоди рақамӣ тайёр намояд.
Шукрулло Хайрзода афзуд, ки “ҳоло дар донишгоҳи мазкур 10384 нафар донишҷӯ- 6236 нафар дар шӯъбаи рӯзона ва 4148 нафар дар шӯъбаи ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. 1739 нафар донишҷӯ тариқи буҷавӣ ва 8642 нафар тариқи шартномавӣ дар донишгоҳ таҳсил доранд”.
Бо дахли сатҳу сифати таълим дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон зикр шуд, ки сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён дар соли сипаригардида нисбат ба соли 2019-ум 3,1 фоиз беҳтар гардидааст. Донишгоҳ дорои 10 синфхонаи компютерӣ, 2 маркази интернетӣ бо 2 китобхонаи электронӣ буда, соли равон 1 синфхонаи компютерӣ бо 20 компютери замонавӣ (моноблок) ба истифода дода шуд. Инчунин воситаҳои методию таълимии электронӣ тариқи планшетҳо ва ноутбукҳо паҳн карда шуда, қисм ба қисм ҷараёни таълим ба истифодаи пурраи чунин воситаҳо гузаронида мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ҳоло дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 2000 таҷҳизоти навъи гуногуни технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, назири 888 компютер, 124 ноутбук, 241 принтерҳои навъи гуногун, 369 UPS, 13 WiFi-роутер, 42 проектор, 23 тахтаи электронӣ, 9 планшети деворӣ, 12 экрани банерӣ, 1 адад барномаи зиддивирусии литсензионӣ барои 400 компютер, 1 баста барномаи таълимии 1С бухгалтерӣ мавҷуданд.








Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад






