ДИҚҚАТ, ЭҲТИЁТ БОШЕД! Дар Чин даҳҳо нафар барои фурӯши ваксинаи қалбакии COVID ҳабс шуданд
ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Полиси Чин беш аз 80 нафарро ба ҳабс гирифта, зиёда аз 3000 вояи доруро, ки ҷинояткорон онро ҳамчун ваксинаи зидди коронавирус мефурӯхтанд, мусодира кардааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора хабаргузории «Синхуа» хабар додааст.
Гумонбарон сар аз моҳи сентябри соли гузашта сӯзандоруҳоро бо маҳлули маъмулии физиологӣ пур карда, онҳоро ҳамчун ваксина бо нархи гарон мефурӯхтанд.
Шабакаҳои фурӯшандагони ваксинаи қалбакӣ, ки дар Пекин, Шанхай ва музофоти шарқии Шандунг фаъолият мекарданд, ошкор карда шудаанд.
Рӯзномаи англисизабони чинии «Global Times» бо истинод ба манбаи ба истеҳсолкунандаи бузурги ваксинаи чинӣ наздик навиштааст, ки фурӯшандагони доруи қалбакӣ бо истифода аз норасоии ваксинаҳо дар ҷаҳон эҳтимол ният доштанд, ки онро ба хориҷи кишвар ирсол намоянд.
АКСҲОИ тасвирӣ аз сомонаи newslocker.com








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






