ДИҚҚАТ, ЭҲТИЁТ БОШЕД! Дар Чин даҳҳо нафар барои фурӯши ваксинаи қалбакии COVID ҳабс шуданд

Февраль 3, 2021 10:53

ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Полиси Чин беш аз 80 нафарро ба ҳабс гирифта, зиёда аз 3000 вояи доруро,  ки ҷинояткорон онро ҳамчун ваксинаи зидди коронавирус мефурӯхтанд, мусодира кардааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора хабаргузории «Синхуа» хабар додааст.

Гумонбарон сар аз моҳи сентябри соли гузашта сӯзандоруҳоро бо маҳлули маъмулии физиологӣ пур карда, онҳоро ҳамчун ваксина бо нархи гарон мефурӯхтанд.

Шабакаҳои фурӯшандагони ваксинаи қалбакӣ, ки дар Пекин, Шанхай ва музофоти шарқии Шандунг фаъолият мекарданд, ошкор карда шудаанд.

Рӯзномаи англисизабони чинии «Global Times» бо истинод ба манбаи ба истеҳсолкунандаи бузурги ваксинаи чинӣ наздик навиштааст, ки фурӯшандагони доруи қалбакӣ бо истифода аз норасоии ваксинаҳо дар ҷаҳон эҳтимол ният доштанд, ки онро ба хориҷи кишвар ирсол намоянд.

 

АКСҲОИ тасвирӣ аз сомонаи newslocker.com

Февраль 3, 2021 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн