Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ташкили се ихтисоси нав доираи омӯзишро фарох менамояд

Февраль 12, 2021 14:02

ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар зинаи бакалавриат се ихтисоси нав кушода шуд, ки қабули довталабон дар соли таҳсили 2021-2022 ба ин ихтисосҳо ба роҳ монда мешавад. Раванди таҳсил дар зинаи бакалавриати (шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ), магистатура (рӯзона) ва доктор PhD  (рӯзона) ба роҳ монда шудааст.  Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода баён дошт.

Мавсуф зикр намуд, ки дар бинои донишкада маркази тестӣ иборат аз 30 адад компютер ташкил карда шуд, ки минбаъд қабули рейтинг ва имтиҳонҳо аз фанҳои дорои машғулияти назариявӣ пурра тариқи тестҳои электронӣ сурат мегирад. Аз фанҳои эҷодӣ чун анъана тарзи қабули рейтинг ва имтиҳонҳо тариқи дидабароӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар ҷараёни нишаст зикр гардид, ки дар донишкада 1784 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд, ки аз ин шумора 1096 нафар дар шуъбаи рӯзона, 688 нафар дар шуъбаи фосилавӣ ва 12 нафар тибқи квота мехонанд. Айни замон шумораи умумии теъдоди донишҷӯёни хориҷие, ки дар донишкада таҳсил менамоянд, ба 18 нафар расидааст, ки онҳо аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон мебошанд.

Ҷамшед Ғанизода зикр намуд, ки дар донишкада 166 нафар омӯзгорон фаъолият мекунанд, ки 44 нафарашон ҳамкорҳои берунӣ  мебошанд.

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон давоми шаш соли фаъолият ҳамчун мактаби олии касбӣ ташаккул ёфта, аввалин муассисаи мустақили давлатӣ мебошад, ки дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн бакалавр ва магистр тайёр мекунад.

Ёдовар мешавем, ки сохтори таълимии донишкадаро 3 факултет, 7 кафедра, шуъбаи тайёрӣ, Маркази бачагонаи рассомӣ, устохонаҳои тахассусӣ ва дигар шуъбаҳо ташкил медиҳанд.

Февраль 12, 2021 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд