Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ташкили се ихтисоси нав доираи омӯзишро фарох менамояд
ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар зинаи бакалавриат се ихтисоси нав кушода шуд, ки қабули довталабон дар соли таҳсили 2021-2022 ба ин ихтисосҳо ба роҳ монда мешавад. Раванди таҳсил дар зинаи бакалавриати (шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ), магистатура (рӯзона) ва доктор PhD (рӯзона) ба роҳ монда шудааст. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода баён дошт.
Мавсуф зикр намуд, ки дар бинои донишкада маркази тестӣ иборат аз 30 адад компютер ташкил карда шуд, ки минбаъд қабули рейтинг ва имтиҳонҳо аз фанҳои дорои машғулияти назариявӣ пурра тариқи тестҳои электронӣ сурат мегирад. Аз фанҳои эҷодӣ чун анъана тарзи қабули рейтинг ва имтиҳонҳо тариқи дидабароӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар ҷараёни нишаст зикр гардид, ки дар донишкада 1784 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд, ки аз ин шумора 1096 нафар дар шуъбаи рӯзона, 688 нафар дар шуъбаи фосилавӣ ва 12 нафар тибқи квота мехонанд. Айни замон шумораи умумии теъдоди донишҷӯёни хориҷие, ки дар донишкада таҳсил менамоянд, ба 18 нафар расидааст, ки онҳо аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон мебошанд.
Ҷамшед Ғанизода зикр намуд, ки дар донишкада 166 нафар омӯзгорон фаъолият мекунанд, ки 44 нафарашон ҳамкорҳои берунӣ мебошанд.
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон давоми шаш соли фаъолият ҳамчун мактаби олии касбӣ ташаккул ёфта, аввалин муассисаи мустақили давлатӣ мебошад, ки дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн бакалавр ва магистр тайёр мекунад.
Ёдовар мешавем, ки сохтори таълимии донишкадаро 3 факултет, 7 кафедра, шуъбаи тайёрӣ, Маркази бачагонаи рассомӣ, устохонаҳои тахассусӣ ва дигар шуъбаҳо ташкил медиҳанд.








Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт






