ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» доир ба муроҷиатномаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» аз 6 январи соли 2021 оид ба сарфакорона истифода намудани неруи барқ дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ кадом корҳо ба сомон расонида шудаанд, Раиси ноҳияи мазкур Фатҳиддин Усмонзода посух дод, ки дар робита ба он дар ноҳия гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, онҳо дар ноҳия санҷишҳо гузаронида, ҳолатҳои ғайриқонунӣ истифода намудани қувваи барқро ошкор карданд. Ҳамчунин гурӯҳҳои таъсисшуда дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои қудратӣ дар маҳалҳо бо усули “хона ба хона” корҳои тарғиботӣ-фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
«Дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ мо мушоҳида кардем, ки ба миқдори 300 ҳазор кВт/соат ба ҳисоби миёна қувваи барқро сарфа кардем. Ҳамзамон бо гармшавии ҳарорати ҳаво ин нишондиҳанда зиёд шудан мегирад»,-гуфт раиси ноҳия.
Ҳамчунин зикр шуд, ки соли 2020 ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 482 782 285 кВт/соат барқи фоиданок дода шуда, ҷамъоварии маблағи барқ дар ноҳия дар маҷмӯъ 81 фоиз, аз ҷумла аз муштариёни маишӣ дар ҳаҷми 81,7 нақшаро ташкил медиҳад.
-Чун мо дар арафаи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорем.-афзуд Фатҳиддин Усмонзода,-тибқи нақшаи чорабиниҳо бунёди 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, таъмири 10 муассисаи таълимӣ, бунёди 4 кӯдакистон, 18 майдончаи варзишӣ, 6 беморхона, бунгоҳи саломатӣ ва маркази тиббӣ, 1 меҳмонхонаи замонавӣ, 1 корхонаи калони коркарди шир, 2 коргоҳи дӯзандагӣ, 14 коргоҳи истеҳсолӣ, 45 биноҳои баландошёнаи замонавии истиқоматӣ ва дигар иншоот ба нақша гирифта шудааст.