Фатҳиддин Усмонзода: Ба миқдори 300 ҳазор кВт/соат ба ҳисоби миёна қувваи барқро сарфа кардем

Февраль 17, 2021 16:20

ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» доир ба муроҷиатномаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» аз 6 январи соли 2021 оид ба сарфакорона истифода намудани неруи барқ дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ кадом корҳо ба сомон расонида шудаанд, Раиси  ноҳияи мазкур Фатҳиддин Усмонзода посух дод, ки дар робита ба он дар  ноҳия гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, онҳо  дар ноҳия санҷишҳо гузаронида, ҳолатҳои ғайриқонунӣ истифода намудани қувваи барқро ошкор карданд. Ҳамчунин гурӯҳҳои таъсисшуда дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои қудратӣ дар маҳалҳо бо усули “хона ба хона” корҳои тарғиботӣ-фаҳмондадиҳӣ  гузарониданд.

«Дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ мо мушоҳида кардем, ки ба миқдори 300 ҳазор кВт/соат ба ҳисоби миёна қувваи барқро сарфа кардем. Ҳамзамон бо гармшавии ҳарорати ҳаво ин нишондиҳанда  зиёд шудан мегирад»,-гуфт раиси ноҳия.

Ҳамчунин зикр шуд, ки соли 2020 ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 482 782 285 кВт/соат барқи фоиданок дода шуда,  ҷамъоварии маблағи барқ дар ноҳия дар маҷмӯъ 81 фоиз, аз ҷумла аз муштариёни маишӣ дар ҳаҷми 81,7 нақшаро ташкил медиҳад.

-Чун мо дар арафаи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорем.-афзуд Фатҳиддин Усмонзода,-тибқи нақшаи чорабиниҳо  бунёди 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, таъмири 10 муассисаи таълимӣ, бунёди 4 кӯдакистон, 18 майдончаи варзишӣ, 6 беморхона, бунгоҳи саломатӣ ва маркази тиббӣ, 1 меҳмонхонаи замонавӣ, 1 корхонаи калони коркарди шир, 2 коргоҳи дӯзандагӣ, 14 коргоҳи истеҳсолӣ, 45 биноҳои баландошёнаи замонавии истиқоматӣ ва дигар иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Февраль 17, 2021 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҳисобкунаки интелектуалӣ насб мешавад
ТАВАҶҶУҲ! Дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» телефонҳои боварӣ ташкил карда шуданд
«GREEN AUTO». Татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» ба пешрафти ин соҳа мусоидат менамояд
Дар Самарқанд лоиҳаи нави «Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ (SECCA)» ба роҳ монда шуд
Дар Павилиони Тоҷикистон дар ҳошияи COP27 дар Шарм-уш-Шайхи Миср интиқоли энергияи тоза дар саросари ҷаҳон баррасӣ шуд
БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БАРЕД! Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба аҳолии мамлакат
Мирзо Исмоилзода: Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ беш аз 15 млрд кВт. соатро ташкил дод
Дар Бадахшон ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ қарзи истифодаи барқ ҷамъоварӣ гардид
Дар маркази ноҳияи Хуросон 15 нуқтаи фурӯши ангишт ба сокинон хизмат мерасонанд
Ба сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтавои муроҷиатномаи «Барқи тоҷик» бо усули «Хона ба хона» расонида шуд
Санҷишҳои муштарак дар минтақаи Рашт 73 ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқро ошкор карданд
Сокинони ноҳияи Сангвор қарзи истифодаи қувваи барқро пурра баргардониданд