Фирдавс Шарифзода: Соли 2020 дар Хуҷанд ба миқдори 1 миллиарду 492 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид
ДУШАНБЕ, 10.02.2021. /АМИТ Ховар/. Давоми соли 2020 дар натиҷаи фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ба миқдори 1 миллиарду 492 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,2 фоиз зиёд мебошад. Ҳамзамон воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи сипаришуда ба маблағи 13 миллиону 161 ҳазор сомонӣ зиёд шуда, 107,2 фоизро ташкил намуд. Қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба 196 миллиону 629 ҳазор сомонӣ расида, 100,0 фоиз таъмин гардид.
Дар ин бора ва паҳлӯҳои дигари фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли 2020 зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода 9 феврал ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Мавсуф зикр намуд, ки баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо мақсади вусъат бахшидан ба ободонию бунёдкорӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии шаҳрӣ нақшаи чорабинӣ иборат аз 341 банд, яъне сохтмон, навсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти гуногун қабул гардида, то имрӯз 224 банди ин нақша иҷро гардид. Яъне, 473 иншоот ба истифода дода шуданд, ки 130 иншооти он бо таъсиси 670 адад ҷойи нави корӣ ба давраи ҳисоботӣ рост меояд.
Илова бар ин гуфта шуд, ки ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонӣ ва сабзазоркунӣ дар шаҳр тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, дар ин давра дар самти таъмини устувории экологӣ дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 3 ҳазору 482 адад дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз, зиёда аз як миллиону 570 дона гулҳои ҳархелаи ороишию маҳаллӣ, чун буттагули садбарг, хризонтема, виола, кана, тагатес ва 481 ҳазору 195 дона пиёзаки гули лола шинонида шудаанд.
Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», давоми соли 2020 дар миқёси шаҳр 5 адад корхонаи нави коркарди меваю сабзавот ва 9 адад коргоҳи истеҳсоли нӯшокиҳо таъсис дода шуда, аз тарафи соҳибкорон сохтмони зиёда аз 60 адад биноҳои истиқоматӣ идома дорад. Ҳамзамон беш аз 50 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардида, баҳри кам намудани шумораи бекорон дар маркази вилоят 16 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил гардид.
Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд 30 ёдгории меъмории таърихӣ-фарҳангӣ мавҷуд буда, давоми соли 2020 аз маркази маъмурии вилояти Суғд зиёда аз 11 ҳазору 200 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ дидан намудаанд.








«IT HUB DUSHANBE». Бо бунёди ин маҷмаа Душанбе ба шаҳри интелектуалӣ, рақамӣ ва инноватсионии Осиёи Марказӣ табдил меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисориро ошкор намуд
Аз Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 4298 тонна ангур содирот шудааст
Дар назди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Маркази ҳифзи маълумот таъсис дода шуд
Дар Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувори СММ мавқеи Тоҷикистон оид ба рушди устувор муаррифӣ шуд
Дар Душанбе Машварати чоруми вазирони саноати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад
Дар шаҳри Сиани Чин ҳамоиши соҳибкорони вилояти Суғд ва музофоти Шэнсӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст
Аз Тоҷикистон ба маблағи беш аз 40 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст
Дар ноҳияи Шуғнон беш аз 720 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе Озмоишгоҳи нави ҷумҳуриявии санҷиши сифати маҳсулоти кишоварзӣ ба истифода дода мешавад
Ҳамкории вилояти Суғд бо ширкатҳои чинӣ густариш меёбад






