Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба Маҷлиси намояндагон дар соли 2020 ҷамъбаст гардиданд

Февраль 8, 2021 13:50

ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 ба унвони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 414 муроҷиати хаттӣ ворид гардида, 2641 нафар шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарон ва вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда шуданд.

Аз ҷумла, роҳбарони Маҷлиси намояндагон 420 нафар ва аъзои кумитаю комиссияҳо 2221 нафар муроҷиаткунандагонро ба ҳузур пазируфтанд. Ин матлабро корманди масъули дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Талабшоҳ Шарифзода зимни баррасии «Ҷамъбасти баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баён  намуд.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин таъкид карда шуд, ки аз шумораи умумии муроҷиатҳо 142 муроҷиати хаттӣ ва 789 муроҷиати шифоҳӣ ба сокинони шаҳри Душанбе, 94 муроҷиати хаттӣ ва 632 муроҷиати шифоҳӣ ба сокинони вилояти Суғд, 100 муроҷиати хаттӣ ва 578 муроҷиати шифоҳӣ ба сокинони вилояти Хатлон, 5 муроҷиати хаттӣ ва 138 муроҷиати шифоҳӣ ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 65 муроҷиати хаттӣ ва 444 муроҷиати шифоҳӣ ба сокинони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 8 муроҷиати хаттӣ ва 60 муроҷиати шифоҳӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ тааллуқ доранд.

Давоми соли 2020 ба кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон 391 ва шуъбаҳои дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 23 муроҷиати хаттӣ ворид гардидаанд. Аксари муроҷиатҳо тибқи тобеият барои баррасӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фиристода шудаанд.

Аз 391 муроҷиати хаттӣ баррасии 354 адади он таҳти назорат  қарор дода шуда, аз ин шумора талабу дархости 246 нафар муроҷиаткунанда пурра, муроҷиати 25 нафар қисман ҳалли худро ёфтааст. Ба 83 нафар муроҷиаткунанда моҳияти мавзӯи дар муроҷиат ба миён гузошташуда фаҳмонда шуда, ба талаботи қонунҳои амалкунанда мутобиқ набудани ин муроҷиатҳо шарҳ дода шудааст. Айни ҳол, 60 муроҷиатҳои шаҳрвандон зери назорати кумитаҳо ва  сохторҳои дигари Маҷлиси намояндагон  қарор доранд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони дастгоҳи он муроҷиатҳои шаҳрвандонро дар муҳлатҳои  муайянгардида баррасӣ намуда, ҷиҳати сари вақт андешидани тадбирҳо, пешгирӣ ва бартарафсозии воридшавии такрории муроҷиатҳо ба Маҷлиси намояндагон ва мақомоти давлатӣ корҳои назаррас ба сомон расонидаанд.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин таъкид карда шуд, ки таҳлилҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки шумораи муроҷиатҳои ба Маҷлиси намояндагон воридгардидаи шаҳрвандон ҳанӯз ҳам зиёд аст. Ин ҳолат пурра истифода нашудани ваколату имконияти масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва баъзе вазорату идораҳои дахлдорро дар самти ҳал намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон  медиҳад.

Февраль 8, 2021 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд