ХАБАРИ УМЕДБАХШ! СУТ иттилоъ медиҳад, ки суръати тавсеаи COVID-19 дар саросари ҷаҳон суст шудааст
ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нишондиҳандаҳои тавсеаи коронавирус дар саросари ҷаҳон коҳиш меёбанд. Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», дар ин хусус 5 феврал коршиноси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Мария ван Керкховен зимни брифинг изҳор намудааст (ДАР АКС).
«Ин аз ҳисоби як қатор омилҳо ва пеш аз ҳама, аз баракати тадбирҳои андешидаи кишварҳо ҷиҳати қатъ кардани занҷири интиқоли вирус ва пешгирии сирояти одамони дигар сурат мегирад», — гуфт ӯ.
Керкховен инчунин аз кишварҳое, ки дар онҳо шумораи гирифторони нави коронавирус кам мешаванд, даъват кард, ки ба ҳар ҳол дастгирии усулҳои санитарии пешгирии тавсеаи COVID-19 -ро идома диҳанд.
Пештар, 1 феврал Директори генералии СУТ Тедрос Аданом Гебреисус гуфта буд, ки се ҳафта боз шумораи гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон, ки дар мавриди онҳо гузоришҳо ворид мешаванд, коҳиш меёбад. «Ин хабари умедворкунанда аст ва нишон медиҳад, ки вирусро ҳатто бо мавҷудияти навъҳои нави он, ки ҳоло дар гардишанд, назорат кардан мумкин аст», — афзуда буд вай. Ба гуфтаи роҳбари СУТ, “ин аз он шаҳодат медиҳад, ки идомаи андешидани тадбирҳои зиддивирусӣ тавсеаи уфунатро пешгирӣ мекунад”.
АКСИ: Twitter








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






