«ИЛТИҶО ДОРАМ, КИ МӮЯТРО МАБУР…». Шанбеи аввали моҳи март даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 6 март даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ» баргузор мегардад. Дар ин бора Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода 24 феврал зимни баргузории даври шаҳрии фестивали мазкур дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Мавсуф зикр намуд, ки 5 ноябри соли 2010 дар Кохи «Борбад»-и пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардида буд.
Соли равон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ» бо иштироки ғолибони даврҳои ноҳиявӣ ва вилоятиву шаҳрии ин озмун доир мегардад.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, то фарҳанг ва арзишҳои миллӣ тарғибу ташвиқ карда шуда, пойдор бимонанд. Маҳз бо доир кардани чунин тадбирҳо, аз ҷумла Фестивали-озмуни «Чакомаи гесӯ» метавон гуфт, ки имрӯзҳо бонувони тоҷик бештар ба самти зебоипарастиву дароз кардани гесӯвони худ рӯ овардаанд. Ин равандро метавон як навъ арҷгузорию эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги либоспӯшӣ номид.
Доштани мӯйи дароз ҳамчун рамзи зебоии зани тоҷик миёни дигар халқҳои минтақа шӯҳрат дошта, аз даврони пеш то имрӯз омада расидааст. Дар тӯли таърих дар байни тоҷикон шаклу намудҳои гуногуни гесӯбофӣ вуҷуд дошт. Интихоби тарзҳои гесӯбофӣ ба хусусият, ранг ва зичии мӯй, инчунин ба синну соли духтарону занон вобаста буд. Занҳои тоҷик гесӯро ба шакли кокулча, ростак, дукокул, себар, якқабата, дуқабата, чилкокул, хомбофт, пухтабофт, панҷак ва ғайра мебофтанд. Духтарон баъзан мӯйи худро майдабофӣ мекунанд, ки он дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон чиллик, панҷак, чилчура, чилкокул, панҷара ном дорад. Дар саросари Тоҷикистон занҳо ба мӯяшон гесӯҳо (миллаҳо)-и сунъӣ — пӯпак, печак, парчам ё ҷамолак мебофанд. Чунин гесӯҳо (кокулҳо)-и сунъӣ дар минтақаҳои ҷануби ҷумҳурӣ бо номҳои пучабанд, чура, шода, кужик ва дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон бештар бо номи ҷамолак машҳуранд.
Шоир Боқӣ Раҳимзода дар як шеъри худ аз занҳо илтиҷо кардааст, ки суннати аҷдодиро фаромӯш накунанд ва мӯи худро набуранд, зеро гесӯи дарози зебо дар ҳама давру замон зеби бонувони тоҷик будааст:
Илтиҷо дорам, ки мӯятро мабур,
Кокулони мушкбӯятро мабур…








«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик






