«ИЛТИҶО ДОРАМ, КИ МӮЯТРО МАБУР…». Шанбеи аввали моҳи март даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ» баргузор мегардад

Февраль 25, 2021 08:20

ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  6 март даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ» баргузор мегардад. Дар ин бора Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода 24 феврал зимни баргузории даври шаҳрии фестивали мазкур дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Мавсуф зикр намуд, ки 5 ноябри соли 2010 дар Кохи «Борбад»-и пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардида буд.

Соли равон бахшида  ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  Фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ»  бо иштироки ғолибони даврҳои ноҳиявӣ ва вилоятиву шаҳрии ин озмун доир мегардад.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, то фарҳанг ва арзишҳои миллӣ тарғибу ташвиқ карда шуда, пойдор бимонанд. Маҳз бо  доир кардани чунин тадбирҳо, аз ҷумла Фестивали-озмуни «Чакомаи гесӯ» метавон гуфт, ки имрӯзҳо бонувони тоҷик бештар ба самти зебоипарастиву дароз кардани гесӯвони худ рӯ овардаанд. Ин равандро метавон як навъ арҷгузорию эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги либоспӯшӣ номид.

Доштани мӯйи дароз ҳамчун рамзи зебоии зани тоҷик миёни дигар халқҳои минтақа шӯҳрат дошта, аз даврони пеш то имрӯз омада расидааст. Дар тӯли таърих дар байни тоҷикон шаклу намудҳои гуногуни гесӯбофӣ вуҷуд дошт. Интихоби тарзҳои гесӯбофӣ ба хусусият, ранг ва зичии мӯй, инчунин ба синну соли духтарону занон вобаста буд. Занҳои тоҷик гесӯро ба шакли кокулча, ростак, дукокул, себар, якқабата, дуқабата, чилкокул, хомбофт, пухтабофт, панҷак ва ғайра мебофтанд.  Духтарон баъзан мӯйи худро майдабофӣ мекунанд, ки он дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон чиллик, панҷак, чилчура, чилкокул, панҷара ном дорад. Дар саросари Тоҷикистон занҳо ба мӯяшон гесӯҳо (миллаҳо)-и сунъӣ — пӯпак, печак, парчам ё ҷамолак мебофанд. Чунин гесӯҳо (кокулҳо)-и сунъӣ дар минтақаҳои ҷануби ҷумҳурӣ бо номҳои пучабанд, чура, шода, кужик ва дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон бештар бо номи ҷамолак машҳуранд.

Шоир  Боқӣ Раҳимзода  дар як шеъри худ аз занҳо илтиҷо кардааст, ки  суннати аҷдодиро фаромӯш накунанд ва мӯи худро набуранд, зеро гесӯи дарози зебо дар ҳама давру замон зеби бонувони тоҷик будааст:

Илтиҷо дорам, ки мӯятро мабур,
Кокулони мушкбӯятро мабур…

Февраль 25, 2021 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд