Имрӯз бозиҳои даври навбатии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 оғоз мешаванд

Февраль 13, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 13.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 феврал дар варзишгоҳҳои марказии шаҳри Душанбе ва Ҳисор бозиҳои  даври навбатии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 доир хоҳанд шуд. Дар даври дуюм, дар гурӯҳи «А» дастаҳои футболи «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе  бо «Мастчоҳ»-и ноҳияи Мастчоҳ, КМВА-и Душанбе бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, дар гурӯҳи «Б» дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  бо дастаи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  байни ҳам рақобат мекунанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

11 феврали равон дар варзишгоҳҳои марказии шаҳри Душанбе ва Ҳисор марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ оғоз гардид. Дар бозии аввал дар гурӯҳи «А» дастаҳои  футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Мастчоҳ»- и ноҳияи Мастчоҳ бозӣ карданд. Дидори дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо ҳисоби 5:2 ба фоидаи футболбозони шаҳри Кӯлоб ба анҷом расид. Дар ин бора  аз  Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  хабар доданд.

Дар оғози бозӣ, аниқтараш дар дақиқаи 4-ум ҳамлагари дастаи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Наврӯз Рустамов ҷаримаи 11-метраро бехато иҷро намуда, ҳисобро кушод. Бо гузоштани 7 дақиқа Муҳсин Рустамзода аз дастаи «Мастчоҳ» таносубро барқарор намуд. Гуаве Алфред Окаи- легионери дастаи «Равшан» дар дақиқаи 41-уми дидор як гол зада, дубора дастаашро ба пеш баровард. Қисми аввал бо ҳамин натиҷа поён ёфт.

Дар дақиқаи 70-ум футболбози дастаи «Мастчоҳ» Салоҳиддин Одиназода ҳисобро баробар кард. Аз дақиқаи 80-ум то охири дидор шогирдони Ғайраталӣ Мираҳмадов ба дарвозаи футболбозони ин дастаи вилояти Суғд 3 гол заданд. Дар дақиқаи 80-ум Аваз Қамчинов ҳисобро 3 бар 2 намуд. Дар дақиқаи 90-ум Шодӣ Муродов голи чоруми дастаашро ба ҳадаф расонид. Дар дақиқаи 2-юми изофа  Далер Чалов ба бозӣ нуқта гузошт.

Бо ҳамин тартиб дар рақобати аввали марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ дар гурӯҳи «А» дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бо ҳисоби калони 5 бар 2  дастаи   «Мастчоҳ»-и  ноҳияи Масчоҳро мағлуб намуд.

Дар бозии дигар дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе  бо ҳисоби 2:0 КМВА-ро мағлуб кард. Дар гурӯҳи  «Б», ки дар он се даста бозӣ мекунад, вохӯрӣ байни дастаҳои футболи «Барқчӣ»-и  шаҳри Ҳисор ва «Хатлон»-и  шаҳри  Бохтар доир шуд. Футболбозони бохтарӣ дар ин бозӣ ба дарвозаи барқчиён 5 голи беҷавоб заданд.

Февраль 13, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд