Имсол дар Тоҷикистон майдони кишти картошка ба беш аз 70 ҳазор гектар расонда мешавад

Февраль 16, 2021 10:01

ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати кишоварзии мамлакат нақша дорад, ки соли равон майдони кишти картошкаро ба беш аз 70 ҳазор гектар расонад. Аз ин шумора 58 ҳазор гектар кишти асосӣ, 8 ҳазор гектар кишти барвақтӣ буда, дар 6,5 гектар кишти такрории картошка гузаронида мешавад, ки дар маҷмӯъ беш аз 72 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Ба ҳисоби миёна, агар аз ҳар гектар 20-тоннагӣ картошка ҷамъоварӣ гардад, дар умум 1 млн 400 ҳазор тонна картошкаро ташкил медиҳад. Дар оянда нақша дорем, ки аз ҳисоби зиёд намудани ҳосилнокии зироати картошка бозори истеъмолиро таъмин намуда, инчунин дар минтақаи Осиёи Марказӣ метавонем то 300 ҳазор тонна  содирот намоем. Ин матлабро 9 феврал зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Вазорати кишоварзии мамлакат дар соли сипаригардида Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз намуда буд.

Мавсуф зикр намуд, ки  майдони кишт аз ҳисоби заминҳое, ки дар онҳо ғалладонагиҳо, хӯроки чорво кишт карда мешаванд, васеъ карда мешавад. Зеро ин намуд маҳсулотро дар кишти такрорӣ низ парвариш намудан мумкин аст.

Ба гуфти мавсуф, соли 2020 истеҳсоли картошка ба 1 млн 20 ҳазор тонна расонида шуд. Талабот барои таъмини физиологии инсон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  31 августи соли 2018 ба тавсиб расидааст, ки тибқи он барои ҳар сар аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  92 кг картошка бояд истеҳсол карда шавад. Аз ин 1 млн 20 ҳазор тоннаи истеҳсолшуда қариб 260 ҳазор тоннаи он барои тухмӣ захира карда шудааст. Мувофиқи меъёри нигоҳдорӣ ва захира то 15 фоизи картошка талаф меёбад, яъне мепӯсад ва вазнаш кам мешавад.

Аз рӯи ҳисобҳои кишоварзони мамлакат, соли 2020 барои ҳар сар аҳолӣ 70 кг картошка истеҳсол карда шудааст, ки барои таъмини аҳолии мамлакат 22 килоӣ намерасад. Барои ин соли 2021 майдони кишти картошка ба беш аз 70 ҳазор гектар расонида мешавад.

Сулаймон Зиёзода зикр дошт, ки барои зиёд намудани истеҳсоли картошка ва умуман дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ ба деҳқонон нуриҳои минералӣ ва макроэлементҳо лозиманд, ки  инҳо фосфор, калий ва азот мебошанд.

«Соли 2020 ба мамлакат ҳамагӣ 203 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ворид гардиданд, ҳол он ки талаботи соҳаи кишоварзӣ соли гузашта қариб 600 ҳазор тоннаро ташкил медод. Мо ҳамагӣ 32 ё 33 фоиз нуриҳои минералӣ ворид намудем, чунки он дар мамлакати мо истеҳсол намешавад. Аз ин рӯ Президенти мамлакат ин мушкилиро ба назар гирифта, супориши қатъӣ доданд, ки корхонаи истеҳсоли нуриҳои дар ноҳияи Вахш буда ба кор дароварда шавад»,- гуфт Сулаймон Зиёзода.

Тавре муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмии Вазорати кишоварзии мамлакат, номзади илмҳои кишоварзӣ Шамсиддин Солиев иброз намуд, соли равон картошкапарварони ҷумҳурӣ ният доранд ҳосили хуби картошкаро бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва технологияи муосир ба даст оранд. Яке аз омилҳои асосии гирифтани ҳосили баланди картошка-ин қабули қарорҳои муосир ва комилан нав дар соҳаи ҳифзи растаниҳо ва истифодаи ғизои минералӣ мебошад.

Ба гуфти мавсуф, зироати картошка аз ҳашарот ва касалиҳо зарар мебинад. Яке аз чунин зараррасонҳо гамбуски колорадоии картошка  мебошад, ки  хатарноктарин ба ҳисоб рафта, ба картошка зарар мерасонад. Аз ин рӯ кишоварзон бояд дар раванди кишти картошка аз нуриҳои минералӣ истифода намоянд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2021 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд