Кумитаи ҳолатҳои фавқулода соҳиби 50 дастгоҳи мухобиротии муосири сайёр ва ду мошин гардид
ДУШАНБЕ, 06.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании (КҲФ ва МГ) назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти техникӣ, аз ҷумла ду мошин ва 50 дастгоҳи мухобиротии муосири сайёр барои қисмҳои Кумита тақдим карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи мазкур.
Таҷҳизот дар доираи ҳамкории идораи наҷот бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар самти пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ ва лоиҳаи муштараки БОР «Лоиҳаи миллии идоракунии хатари офатҳо» тақдим гардид.
Дар маросими супоридани таҷҳизот Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ва Роҳбари Дафтари намояндагии САҲА дар шаҳри Душанбе Валериу Кивер ширкат карданд.
Рустам Назарзода аз ҳамкории судманди дуҷониба бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ёдрас шуда, барои воситаҳои мухобиротии супурдашуда изҳори сипос намуд.
Ӯ таъкид кард, ки ин техника бешак барои наҷоти бисёр одамон кумак мекунад ва кори кормандони идораи наҷотро дар ҳолатҳои изтирорӣ сабук месозад.
«Кумаки расида- ин танҳо воситаҳои зарурии техникӣ нест, пеш аз ҳама, он дастгирии назаррас барои беҳтар намудани кор дар самти расонидани кумак ба аҳолӣ мебошад», — тазаккур дод Рустам Назарзода.
Валериу Кивер таъкид кард, ки САҲА минбаъд ҳам дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ бо идораи наҷот ҳамкорӣ хоҳад кард.








Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»






